Захмӣ шудани 42 донишомӯз дар таркиши ғарби Кобул

Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Афви Байналмилали ва ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон хостори анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба, мустақил ва бетарафона дар бораи таркиши рӯзи 17 август ра ғарби Кобул шудаанд.

Дафтари СММ тасдиқ кард, ки дар ин таркиш 42 кӯдаки 9 то 14-сола захмӣ шудаанд. Ин ниҳод дар сафҳаи Х-и худ бо ибрози ҳамдардӣ ба захмиён ва хонаводаҳои онҳо, хостори баррасии ин ҳодиса шудааст.

СММ таъкид кардааст, ки мактабҳо ва марказҳои омӯзишӣ бояд муҳофизат шаванд.

Пеш аз ин сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кобул ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфта буд, ки сабаби ҳодиса таркиши як бомбаи дастӣ будааст, ки ба гуфтаи ӯ таҳқиқот дар бораи чигунагии рух додани он оғоз шудааст.

Бархе гузоришҳо шумори захмишудагони ин рӯйдодро ҳудуди 52 кӯдак эълон карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Афви Байнулмилал таркиш дар Дашти Барчиро бисёр нигаронкунанда хонд ва гуфт, ки дар ин минтақа, ки бештари сокинони он ҳазораҳо ҳастанд, тайи беш аз як даҳсолаи гузашта, мактабҳо, масҷидҳо, нақлиёти умумӣ ва марказҳои тандурустӣ борҳо ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталиф қарор гирифтаанд.

Ин созмон аз мақомҳои Толибон хостааст, ки бехатарии ғайринизомиён, аз ҷумла ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро дар Афғонистон таъмин кунад.

Ин созмон ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба, мустақил ва бетарафона дар бораи ин ҳодиса мутобиқ бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ шуда ва таъкид кардааст, ки афроди гумонбар бояд пас аз як муҳокимаи одилона ба ҷазои аъмолашон бирасанд.

Бо вуҷуди онки то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст, гурӯҳи ДОИШ пеш аз ин масъулияти ҳамлаҳои монанд дар ин минтақа аз Кобулро пазируфтааст.