Захмӣ шудани 4 тан дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Одесса

Мақомҳои маҳаллӣ дар Украина рӯзи 31 декабр эълон карданд, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия чаҳор нафар, аз ҷумла, се кӯдак дар шаҳри Одесса захмӣ шуданд.

Раиси Идораи низомӣ дар минтақаи Одесса дар Телеграм навишт, "ҳавопаймоҳои бесарнишин ба зерсохтҳои истиқоматӣ ва энержии минтақа ҳамла карданд".

Ин ҳамлаҳо пас аз он рух дод, ки Украина ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба яке аз иқоматгоҳҳои президент Путинро рад кард ва Маскавро ба пахши маълумоти нодуруст барои халалдор кардани гуфтугӯҳои поёни ҷанг муттаҳам намуд.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский иддаои Русияро "комилан бофта" хонд ва гуфт, ният дорад шашуми январ бо раҳбарони кишварҳои муттаҳиди Киев дар Фаронса мулоқот кунад.

Кремл рӯзи 30 декабр нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гӯё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико охири ҳафтаи гузашта гуфт, ки созиш барои поёни ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳамеша наздиктар аст, аммо ҳеч пешрафти мушаххасе дар бораи масъалаи пуртаниши қаламрав пас аз гуфтугӯҳои нав бо раҳбарони кишварҳои даргир гузориш нашуд.