"Ё кушта мешавед ё аз гуруснагӣ мемиред." Ҳаёт дар як шаҳри ишғолшудаи Украина

Алла, сокини пешини Олешки, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзҳои сахти худу хонавода ва ҳамсояҳояшро нақл кард

Баъзе аз сокиноне, ки аз шаҳри ишғолшудаи Олешкии Украина берун шудаанд, дар бораи гуруснагӣ, нархҳои осмонии маводи ғизоӣ ва таҳдиди сарбозони рус қиссаҳои зиёд доранд. Онҳо мегӯянд, дар иҳотаи майдонҳои мина рӯзгори риққатоваре доштанд. Ин шаҳр дар 9-километрии вилояти Херсони Украина қарор дорад ва зери ишғоли нерӯҳои Русия аст.

Ҳоло бо пешниҳоди Мелания Трамп, ҳамсари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ҷонибҳои даргир ба оташбас ва ташкили долоне барои хуруҷи сокинон аз Олешки розӣ шудаанд. Радиои Озодӣ имкон ёфт, бо чанде аз сокинони собиқи Олешки ҳамсуҳбат шавад.

Сокинони шаҳри Олешки дар Украина, ки аз тарафи Русия ишғол шудааст, бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, қанду ширинӣ ё қаҳва барояшон дастнорас аст. Виталий, сокини пешини Олешки, мегӯяд, "мо аз онҷо берун шудем, чун дарк кардем, ки камбуди ғизо бисёр ҷиддист."

Виталий бо сабабҳои амниятӣ хост, ки рӯяшро пинҳон кунем. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, нигаҳбонии волидони солхӯрда ва писари 13-солааш бар дӯши ӯ буд. Аз ин рӯ, Виталий то ҷое тавонист дар Олешки боқӣ монд. Онҳо медонистанд, ки буҳрони ғизо вазнинтар мешавад, вале умед доштанд, ки наҷот меёбанд.

"Вақте ватан ишғол мешавад, одам барои наҷоташ захира мекунад. Мо аз оғоз омода шудем. Ин буд, ки мо тавонистем як муддати тӯлонӣ рӯзамонро гузаронем," – нақл кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Олешки. "Ё кушта мешавед, ё аз гурунагӣ мемиред!"

Шумори зиёди сокинони Олешки пас аз тахриби сарбанди обанбори Каховка дар соли 2023 аз ин шаҳр берун шуданд. Мавҷи дуюми кӯчбандии мардум ба баҳори соли 2026 рост омад.

Охирин корвони ғизо ба Олешки моҳи майи соли равон расида буд. Дар моҳи июл пас аз таркидани мошини "Ёрии тиббӣ" дар роҳи минакоришуда равуо ба Олешки пурра бас гардид. Аз он вақт ба ин тараф сокинони шаҳр аз ҳисоби захираҳояшон ба сар мебаранд.

Алла, сокини пешини Олешки мегӯяд, "мо асосан сабзавот – помидор, бодиринг ва каду – мехӯрдем. Чизи дигар набуд. Агар бахтамон механдид, касе ба мо чанд кило марҷумак ё биринҷ туҳфа мекард."

Алла ва шавҳараш тобистон зироаткорӣ намуда, умед доштанд, ки аз ҳисоби ғизои парвардаашон рӯз мегузаронанд, вале рӯзе сарбози рус ба хонаи онҳо омад: "Ин сарбози мусаллаҳи гуё озодибахш 11 шабу рӯз моро гаравгон гирифт. Мақсад дошт, ки моро ба қатл расонад."

Ба қавли ин зан, сабаби асосии фирор аз Олешки на гуруснагӣ, балки хавфи марг аз дасти сарбозони ишғолгар будааст.

Мақомдорони Украина хостаанд, ки барои беруншавии мардум аз Олешки як долони хос дода шавад. Дар ин байн Ксения Архипова, сокини собиқи Олешки, бо тақдими маълумот дар бораи майдонҳои минакоришуда ва роҳҳои нисбатан амн ба мардум дар хуруҷ аз Олешки ёрӣ мерасонад.

Вай гуфт, "вақте мардум аз Олешки берун мешаванд, ба ман дар бораи роҳ маълумот медиҳанд. Минаҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ гуна аз он минтақа бояд гузаранд."

Бо ташаббуси бонуи аввали Амрико Мелания Трамп дар Олешки оташбаси маҳдуд ҷорӣ шудааст, то ёриҳои башардӯстона ба ин шаҳр интиқол ёфта, мардуми мулкӣ бар ҷойҳои амнтаре кӯчонида шавад. Ситоди кулли нерӯҳои Украина аз 27-уми октябр ба иҷрои оташбас оғоз намуд. Русия ҳам оташборони минтақаро муваққатан бас кардааст.