Соли 2025 ба ривояти аксҳо

Артем, сарбози украинӣ рӯзи 31 май дар маросими хайриявии "Қалбҳои шуҷоъ" дар Киев ҳамроҳ бо шарики худ Юлия мерақсад. Ин низомӣ дар шарҳи рақсидани худ ҳамчун фарде, ки дар ду пояш қатъ шудааст, гуфт, "аз як тараф хеле оддӣ аст, аммо аз тарафи дигар аз назари ҷисмӣ бисёр душвор аст. Бояд умед дошт, ҳадафи худро муайян кард, ба пеш ҳаракат кард ва бо амал нишон дод, ки ҳеч чиз ғайримумкин нест".

Акс аз Сергей Нужменко, аз бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Як марди захмӣ дар Теҳрон дар 15 июн пас аз ҳамлаҳои Исроил ба пойтахти Эрон дар ҷараёни ончӣ баъдҳо бо "Ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил" маъруф шуд.

Акс аз Маҷид Хоҳӣ, аз EPA.

Тасвирии моҳвораии гирифташуда дар 22 июн, ки паёмадҳои ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ғанисозии ҳастаии Исфаҳон дар маркази Эронро нишон медиҳад. Акс аз AFP.

Арианит Кочи, вакили дифоъ, рӯзи 3 июл бо улоғ ё хар дар муқобили бинои порлумони Косово ҳозир шуд. Кочи чаҳор харро дар эътироз ба бунбасти сиёсии дарозмуддат дар ҳукумати Косово ба онҷо овард. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, "харҳоро интихоб кардам, чун рамзи якравии намояндагони мо ҳастанд, онҳо дақиқан мисли харҳо рафтор мекунанд".
Акс аз Иброҳим Бериша, аз бахши Косовои Радиои Озодӣ.

Мардум дар 11 март аз тирезаи як бинои истиқоматӣ дар Маскав нигоҳ мекунанд, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳадафи ҳамлаи як паҳбоди украинӣ қарор гирифтааст.
Акс аз хабаргузории "Рейтерз".

Игор Лосик, рӯзноманигори бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ пас аз озодӣ аз боздошт дар Белорус, рӯзи 11 сентябр дар Вилнюс бародараш Микитаро дар оғӯш мегирад. Игор беш аз панҷ сол аз ҳукми 15-солаи худро, ки ба иттиҳоме бо ангезаҳои сиёcm алайҳи ӯ содир шуда буд, гузаронд. Лосик ҳамроҳ бо 50 тани дигар дар пайи гармтар шудани робитаҳои Амрико ва Белорус, озод шуд. Акс аз бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Чойхонаи "Роҳат" дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни тахриби он дар аввалҳои моҳи март. Ин бино яке аз намодҳои маҳбуби пойтахти Тоҷикистон буд ва дар феҳрасти беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон қарор дошт. Бо ин ҳол, эътирози мадании сокинони маҳаллӣ барои наҷоти ин бино, дар миёни мавҷи сохтмонсозии ҳукумат, ки дар ҳоли дигаргун кардани пойтахт аст, ба натиҷа нарасид.

Акс аз Шаҳлои Абдуллоҳ, аз бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Як сарбози қирғиз дар канори симхори тозакашидашуда дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон дар 14 октябр дида мешавад. Пас аз солҳо ихтилоф миёни ин ду кишвари Осиёи Марказӣ бар сари хатти марз, Душанбе ва Бишкек дар моҳи марти имсол ба созиш расиданд. Акс аз Ҷениш Айдаров, аз бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Эътирозгар рӯзи 27 январ дар Белград, пойтахти Сербистон. Донишҷӯён ба ҳодисаи фурӯ рехтани бахше аз истгоҳи роҳи оҳан эътироз карданд, ки боиси ҳалокати 16 нафар шуд. Акс аз бахши балкании Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ

Як кони ба ҳоли худ гузоштаи Шӯравӣ дар ҷануби Ҷумҳурии Чех дар 4 ноябр. Ковишгарон дар ин кишвари Аврупои Марказӣ дар ҳоли бозкашфи маъданҳое ҳастанд, ки дар даҳаи 1960 раҳо шуда буданд. Маъданҳое, ки замоне зиндониёни сиёсӣ дар онҳо маҷбур буданд маводи маъдании радиактивро барои барномаи ҳастаии Иттиҳоди Шӯравӣ истихроҷ кунанд.

Акс аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Писарбачае дар як рӯзи барфии моҳи феврал дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон қадам мезанад. Акс аз бахши туркмании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Мардуми зиёде дар 18 март дар пойтахти Мақдуния ё Македония гирдиҳам омаданд, то ёди 63 нафареро гиромӣ доранд, ки ду рӯз пештар дар пайи оташсӯзӣ дар як клуби шабона ҷони худро аз даст доданд.

Акс аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Эътирозҳо дар София, пойтахти Булғористон дар мухолифат ба будҷаи пешниҳодии ҳукумат. Акс аз бахши булғории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Як эътирозгар бо парчами сӯхтаи Русия дар ҷараёни тазоҳуроте дар аввали моҳи март дар Берлин, ки бо даъвати раҳбарони мухолифини ҳукумати Русия дар эътироз ба ҳамлаи Маскава ба Украина баргузор шуд. Акс аз Антон Сергиенко, бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Зане дар 25 июл дар ҷараёни мавҷи гармо дар пойтахти Босния нӯшиданиҳо бо худ дорад. Акс аз бахши балкании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Владимир Плахотнюк, сиёсатмадор ва олигарх аз Молдова рӯзи 2 декабр ба додгоҳ ҳозир шуд. Ӯ ба азхуд кардани як миллиард доллар аз бонкҳои муфлисшудаи он кишвар муттаҳам аст. Акс аз бахши молдовии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Занон дар Рибново, дар ҷануби Булғористон дар 17 март дар ҷараёни маросими ҷомеаи мусалмонони Помак. Ин деҳаи куҳистонӣ ба арӯсиҳои чандрӯзааш шӯҳрат дорад.
Акс аз бахши булғории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Як эътирозгар рӯзи 16 декабр дар маркази Тбилиси. Акс аз бахши гурҷии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Маросими ҷанозаи Надяи 24-сола ва духтари дусолааш дар Киев. Ҳар ду дар пайи ҳамлаи Русия ба Киев дар 28 август кушта шуданд. Акс аз бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Ҳазорон эътирозгар рӯзи 7 июл дар минтақаи қабиланишини Боҷувари Покистон гирдиҳам омаданд ва хостори поён ёфтани хушунатҳо дар ин минтақаи ноором дар наздикии марзи Афғонистон шуданд. Таҳрики Толибони Покистон дар ин минтақа фаъол аст. Акс аз Шоҳнавоз Таракзай, Радиои Машъал, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Бахше аз муҷассамаи бузурги Масеҳ дар атрофи Ереван, пойтахти Арманистон дар 26 август. Армен Самвелян, муҷассамасози арманӣ машғули кор рӯи ин ёдбуд аст, ки қарор аст бар фарози пояе ба баландии 44 метр, бар қуллаи куҳи Атис дар наздикии Ереван насб шавад. Акс аз AFP.

Як хайёт ё дӯзандаи афғон рӯзи 13 май дохили мағозааш дар шаҳри Ҳирот бурқа медӯзад. Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021, шароити зиндагии занон ва духтарон душвор шудааст ва акнун занон маҷбур ҳастанд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пӯшонанд. Акс аз Муҳсин Каримӣ, AFP.

Таблиғи барномаи гуфтугӯи телефонӣ ва нишасти хабарии поёни соли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар яке аз таблоҳои пойтахти Русия. Акс аз Рамил Сиддиқов, хабаргузории "Рейтерз".

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 15 август дар Аляска бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кард. Акс аз хабаргузории "Рейтерз".

Мавзеъҳои низомии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар фосилаи ҳудуди 25 метр аз якдигар қарор дорад, дар ҷануби Арманистон.

Як ҷуфт рӯзи 17 июн пас аз ҳамлаи Русия дар берун аз вайронаҳои бинои истиқоматии худ дар Киев якдигарро дар оғӯш гирифтаанд. Пайкари фарзанди хурсоли онҳо дертар аз миёни вайронаҳо берун оварда шуд. Акс аз бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Писарбачаҳо дар як рӯзи гарми моҳи август дар Тошканд, пойтахти Узбекистон шиноварӣ мекунанд. Акс аз Вячеслав Оселедко.

Шуморе аз таъсиргузортарин лаҳзаҳо ва муҳимтарин рӯйдодҳои хабарӣ аз манотиқи таҳти пӯшиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ тавассути аксбардорон сабт шудааст.