Як зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст

Абдуманнон Эрматов 59 сол дошт

Як зоири тоҷик дар вақти адои маносики ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Абдуманнон Эрматов 59 сола ва вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Исфара буд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Исфара дар хабарномае навишт, маросими видоъ бо ҳузури раиси шаҳр ва дигар собиқадорон 28-уми май баргузор шудааст.

Дар бораи сабабҳои марги ин зоир чизе гуфта нашудааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба Кумитаи дин муроҷиат карда ва мунтазири посух аст.

Маросими ҳаҷҷи имсола аввали моҳи май оғоз шуда, қарор аст то ду ҳафтаи оянда зоирини тоҷик ба ватан баргарданд.

Солҳои гузашта низ фавти зоирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод.

Ҳамасола ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд.