Як зодаи Тоҷикистонро дар Русия ба ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам карданд

Пятигорск

Мақомоти амниятии Русия як зодаи 24-солаи Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ муттаҳам карданд.

Аз ӯ Исроилҷон Қурбонов ном бурда мешавад.

Шарҳи ҷониби Тоҷикистон ва ё наздиконаш то ҳол дастрас нест.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, Қурбонов рӯзи 16-уми апрел ва ҳамагӣ чанд соат пеш аз як барномаи ҳунарӣ дар кохи фарҳанги "София" дар Пятигорск дастгир шуд.

Ба нигоштаи онҳо, ӯ гуё ба воситаи интернет аз намояндагони ДОИШ дастур гирифта, қасди оташ задани кохи фарҳангро дошт ва барои ин чанд рӯз омодагӣ дидааст.

Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест, аммо расонаҳои давлатии Русия мегӯянд, "аз дасти ӯ се "коктейли Молотов", ду корду як табар ва бел гирифта шуд."

Додгоҳи низомии Русия дар моҳи апрели имсол сокини вилояти Томск Иля Катукияро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба 13 сол зиндон маҳкум кард.

Пештар як сокини вилояти Херсони Украина барои ҷосусӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ 18 сол зиндонӣ шуда буд.