Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, як зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби ақидаҳои исломи ифротӣ ва боло гузоштани миллати тоҷик аз миллатҳои дигар аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд.
Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Калаш дар Чувашистон хабар додааст, ки зодаи 61-солаи Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва ҳамчунин тарғиби зидди сохти конститутсионии Русия муттаҳам дониста шуд. Ӯ аз соли 2011 дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекардааст.
Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) видеои боздошти зодаи Тоҷикистонро нашр кард. Дар он дидан мумкин аст, ки маъмурони амниятии Русия ӯро завлона дар даст ба идораи муҳоҷират бурда, дар онҷо бо имзои санаде шиносномаашро гирифтаанд.
Дар баёния омадааст, "марди тоҷик дар байни мардум исломи ифротиро тарғиб мекард ва тоҷиконро бартар аз миллатҳои дигар меномид, ки ҷиноят ва таҳдид ба амнияти Русия аст".
Маълум нест, ин мард дар куҷо чунин гуфтааст ва назари ӯро ҳам дар хабар наовардаанд.
Инро ҳам бихонед:
Шиносномаи Русия барои тоҷикон: Баргаи имтиёз ё абзори фишор?Як таҳқиқи кӯтоҳи Радиои Озодӣ дар вебсайтҳои расмии мақомоти интизомии Чувашистон нишон дод, ки танҳо дар соли 2024 се зодаи дигари Тоҷикистонро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва якеро барои дуздӣ аз ин ҷумҳурии Русия ихроҷ кардаанд.