Як зодаи Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз Амрико фирор кардааст

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Амрико гуфтанд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз ин кишвар фирор кардааст.

Вебсайти "Fox5" рӯзи 17-уми август навишт, Абдулло Тошпӯлодзода соли 2019 ба куштани соҳибхонааш дар Амрико гунаҳкор, аммо бо сабаби бемории равонӣ дар шифохонаи Вирҷинияи Шимолӣ бистарӣ шуда буд.

Дар як санади расмӣ аз 5-уми август гуфта шудааст, ки Тошпӯлодзода бо истифода аз таътили кӯтоҳмуддат аввал ба Истанбул ва аз он ҷо ба Душанбе рафт. Ин дар ҳолест, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи июни имсол гуфтааст, “ӯ бе қарори додгоҳ набояд бемористонро тарк кунад”.

Қонунҳои Вирҷиния барои гурӯҳи муайяни беморони рӯҳӣ, аз ҷумла онҳое, ки даст ба куштор задаанд, як ё ду рӯз имкони берун шудан аз беморхонаро медиҳад.

Ҳатто додситон соли 2024 ба Абдулло Тошпӯлодзода иҷозат дода будааст, ки ба Вашингтон рафта, шиносномаашро бигирад. Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Амрико дар ин шаҳр ҷойгир аст.

Бар асоси санадҳои расмӣ, Тошпӯлодзода рӯзи 6-уми июл, замоне ки бо иҷозатномаи муваққатӣ аз беморхона берун шуда буд, аз фурудгоҳи “Даллас” ба воситаи Истанбул ба Душанбе рафтааст.

Муфаттишон гуфтаанд, билет яктарафа буд ва ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” парвози ӯро тасдиқ кард. Зоҳиран билетро барои Тошпӯлодзода шахси дигаре харидааст.

Сомонаи "Fox5" менависад, хешовандони Абдулло Тошпӯлодзода нахостанд дар ин бора бо матбуот суҳбат кунанд. Маълум нест ҳоло ӯ дар куҷост ва оё ин қазия аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон ҳам пайгирӣ мешавад ё на.

Инҳоро ҳам хонед:

То $20 ҳазор. Шарти нави Амрико ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва 49 кишвари дигар"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар АмрикоБоздошти як афсари амрикоӣ бо "миёнравӣ"-и муҳоҷири тоҷикБаҳси як ҷуфти амрикоӣ барои хонаву пул дар ТоҷикистонДу шаҳрванди Тоҷикистонро дар Амрико ба ҷиноят муттаҳам кардаанд