Як зодаи дигари Тоҷикистон дар Украина нопадид шудааст

Фазлиддин Расулов. Наздиконаш ин аксро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пайвандони Фазлиддин Расулови 58-сола аз Тоҷикистон мегӯянд, ӯ як сол пеш бо ваъдаи нафақа ё ҳаққи бознишастагии баланд аз Русия ба ҷанги Украина бурда шуд, вале камаш ҳашт моҳ боз бедарак аст.

Мақомоти Русия ба хонаводааш гуфтаанд, ки ӯро ҳамчун сарбози “бенишоншуда” ҷустуҷӯ доранд.

Вай пештар дар хадамоти боррасонии ширкати “Вайлдберис” дар Маскав кор мекардааст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад.

Суннатулло Расулов, писари Фазлиддин Расулов, 3-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падарашро моҳи марти соли гузашта аз Маскав ба Қазон ва аз онҷо бо ваъдаи нафақаи хуб барои се моҳ ба Мариупол (Украина) бурдаанд, то дар сохтмон кор кунад.

Наздиконаш гуфтанд, чанд моҳ ӯ дар Мариупол, шаҳри ишғолшудаи Украина аз ҷониби Русия буд ва бо онҳо тамос дошт, вале моҳи августи соли гузашта ӯро ба минтақаи Донбас бурданд ва бо ҳамин бедарак шуд.

Омори дақиқи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украина маълум нест. Дар чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудааст.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи беш аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки аз ҷониби Русия муқобили ин кишвар ҷангида кушта ё нопадид шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Вобастагӣ аз Кремл". Чаро мақомот ҳузури тоҷиконро дар ҷанг эътироф намекунанд?"Зистан мехоҳам": 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаандҶанги идомадори Русия дар Украина ва достонҳои ғамангези тоҷикон"Бояд меомаду зан мегирифт". Марги тоҷики 22-сола дар ҷанги Украина"Мо сипари гӯштием". Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина чизе намегӯяд“Се моҳ боз мекобем.” Комилҷон Наҷмиддинов куҷо шуд?"Дар ҷанги Украина кушта шуд." Дафни Комрон Саидов (Коля Тоҷик) дар Ҳисор"На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро." Лоиқ Одиназода дар куҷост?