Ҷазои як зан барои шиканҷаи фарзандаш дар Узбекистон

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Шофиркони вилояти Бухорои Узбекистон занеро, ки давоми ду сол кӯдакашро шиканҷа кардааст, се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон Сурайё Раҳмонова гуфт, ин зан ба "қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ бо бераҳмии шадид" гунаҳкор дониста шуд.

Қаблан, моҳи январи имсол, ваколатдор хабар дода буд, ки дар робита ба шиканҷа шудани як кӯдак аз сӯи модараш далели видеоӣ гирифтааст. Ба нақли ӯ, зан фарзанди 6-солаашро дар гаҳвора баста, “бо чӯб ва ашёи дигар мезад”.

Дар аввал зидди зан бо гумони “шиканҷаи ноболиғ” парванда боз шуда буд, вале дертар онро ба "қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо бераҳмии шадид" иваз карданд.