Як зани тоҷикро бо 6 фарзандаш аз Русия баргардонданд

Акс аз бойгонӣ.

Як зани тоҷик, ки бо шаш фарзанди ноболиғаш дар Русия танҳо монда буд, ба Тоҷикистон баргардонда шудааст.

Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 9-уми апрел хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, аз ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон "Умед", давоми се моҳ ин модар ва кӯдаконашро нигоҳбин кардаанд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия санадҳои зан ва фарзандонашро омода карда, бо дастгирии соҳибкорон билети бозгаштро барои онҳо хариданд.

Аммо мақомот дар бораи ин зан ва шаш фарзандаш маълумоти зиёд надоданд. Маълум нест, ки онҳо кай ба Русия рафта ва чаро бесарпараст мондаанд.

Тақрибан ҳар сол занон ва кӯдакони бесарпаноҳи тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.