Рӯзи 17-уми октябр дар Брюссел дар муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мақомоти аврупоӣ аз шароити кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда, аз Душанбе хоста буданд, ки барои сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъияте, ки иҷборан аз кор мондаанд, имкон фароҳам орад.
“Паймони Миллии Тоҷикистон”, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки аз Иттиҳоди Аврупо “қадрдонӣ мекунанд”, чун “ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, зиндониҳои сиёсӣ, озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст”.
Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 21- уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин созмон бо пешниҳоди феҳрасти мушаххаси ҳомиёну вакилони дифоъ ва хабарнигорони зиндонӣ, талаби фаврии раҳоии онҳоро кардааст. Айни замон наздик ба даҳ нафар аз блогерону хабарнигорони тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд.