Як сокини Варзоб, ки барои ҷамъоварии гиёҳ ба кӯҳ баромада буд, ба ҷарӣ афтида, захмӣ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҳодиса 7-уми апрел дар мавзеи Санги Фалахмони ноҳияи Варзоб рух дод.
Ба қавли манбаъ, марди 32-сола баъди ба ҷарӣ афтидан бо телефон ба наҷотдиҳандагон тамос гирифтааст. Наҷотдиҳандагон ин мардро аз ҷарӣ бароварда, ба беморхона интиқол додаанд. Дар хабари расмӣ омадааст, мард дар ҷойи ҳодиса хуни зиёд талаф додааст. Вазъи саломатиаш ҳоло маълум нест.
Ҳамасола дар фасли баҳор сокинони минтақаҳои куҳсори Тоҷикистон барои ҷамъоварии гиёҳ, аз ҷумла, чукрӣ ба кӯҳ мебароянд ва ин кор баъзан бо фоҷиа тамом мешавад.
Аз ҷумла, чанд рӯз пеш як сокини ноҳияи Дарвоз аз кӯҳ афтод ва ҷон бохт. Ба иттилои КҲФ, марди 34-сола, сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, субҳи 2-юми апрел бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафта буд. Ҷасади ин мард баъд аз зуҳри ҳамон рӯз аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шуда, ба наздиконаш супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки то 11-уми апрел аз рафтани ба кӯҳ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳон ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.