Пулиси Ҳинд гуфт, ҷарроҳии пайванди ҷигари зани узбекистонӣ дар бемористони ин кишвар бо муваффақият анҷом ёфта буд ва ӯ дар давоми ду рӯзи оянда бояд мураххас мешуд.
Расонаи "Нindustan times" бо истинод ба пулиси Ҳиндустон хабар дода, ки шаҳрванди 45-солаи Узбекистон 10 июн дар ҳамоми бемористони Ғозиобод худро ба дор овехтааст.
Ба иттилои пулис, зан дар бемористон ҳамроҳи шавҳараш қарор доштааст.
Ин зану шавҳар ҳамроҳи як писари худ 5 июн ба Ҳиндустон рафта будаанд.
Дар бемористон гуфтанд, ки саломатии зан беҳбуд ёфта буд ва интизор мерафт, баъди ду рӯз мураххас шавад.