Як шаҳрванди Тоҷикистон ба нерӯҳои Украина таслим шудааст

Коллаж аз бойгонӣ

Мақомоти Украина мегӯянд, яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия ба ҷанг фиристодааст, довталабона ба нерӯҳои он кишвар таслим шудааст.

Вазорати дифои Украина рӯзи 19-уми июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҷавони тоҷик ба тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” муроҷиат кард ва нерӯҳои украинӣ ӯро аз ҷабҳаи ҷанг гуруснаву ташна, вале солим берун оварданд.

Дар ин баёния омадааст, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар Русия буд, пас аз боздошт ва таҳдиди ихроҷ шудан бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанги Украина рафтааст.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина рӯзи 19-уми июн видеои мусоҳиба бо асири тоҷикро нашр кардааст, ки дар он мегӯяд, баъди рафтан ба ҷанг аз ин кораш сахт пушаймон шуд.

Ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро наовардаанд.

Ӯ дар суҳбат гуфтааст, баъди онки дар Маскав боздошт шуд ва қарори ихроҷашро дар дасташ доданд, барои рафтан ба ҷанг розӣ шуд.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина моҳи апрели имсол гуфта буд, ки қариб 13 ҳазор нафар аз Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия дар Украина меҷанганд. Ин пойгоҳ он замон шумораи тоҷикистониҳоро дар ҷанг беш аз 3 ҳазору 400 кас ҳисоб карда буд.

Омори расмии тоҷикон дар ҷанги Русия алайҳи Украина маълум нест. Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд, вале дар бештар аз чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Арзёбии нави талафоти Русия дар ҷанг: 352 ҳазор сарбоз кушта шудааст13 000 нафар аз Осиёи Марказӣ дар ҷанги Украина"Чаро онҳое, ки ба Русия ҳамроҳ шуда, ба ҷанг рафтаанд, муҳокима нашаванд?"Як зодаи дигари Тоҷикистон дар Украина нопадид шудааст"Вобастагӣ аз Кремл". Чаро мақомот ҳузури тоҷиконро дар ҷанг эътироф намекунанд?"Зистан мехоҳам": 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд"Мо сипари гӯштием". Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина чизе намегӯяд“Иҷоза надоданд, ки ҷасадро бинанд.” Ҳалокати як ҷавони дигари тоҷик дар ҷанги Украина