Ҳувияти ин хонавода ошкор намешавад, танҳо таъкид шудааст, ки ин мард «соли 2012 бо қисми 2 моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст». Назари ӯ ба ин парванда маълум нест.
Сомонаи вазорат менависад, ки ҳолати аввали таҳдид ба куштор моҳи ноябри порсол дар хона бо истифода аз корди ошхона рӯй додааст ва духтари 24-солаи онҳо аз фоҷеа пешгирӣ кардааст. Мавриди дигар 7-уми апрел рух додааст ва дар он ҳодиса мард ҳамсарашро бераҳмона латукӯб кардааст.
Рӯзи баъд, бино бар ин хабар, «тахминан соати 10:00 дар ҳолати мастӣ тариқи телефони мобилӣ ба духтараш ҷавонзани 24-сола занг зада гуфтааст, ки «модарро огоҳ кун ки як рӯз не як рӯз ман модаратро кушта, баъдан паси панҷара менишинам», ки ҳамсараш аз чунин суханҳо хабардор шуда, зери тарсу ҳарос қарор гирифтааст».
Бар асоси ин таҳдидҳо, мардро боздошт ва аз рӯи иттиҳоми «Моддаи 120. Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парванда боз карданд.
Ин ҳодисаи нодири таҳдид ба куштани як шавҳар ба ҳамсар нест, ки расонаӣ мешавад, вале феълан омори дақиқи чунин ҳолатҳо дар даст нест. Дар ҳодисаҳои зиёде занҳо таҳдид ба кушторро аз ҷониби шавҳарони худ ба сохторҳои ҳифзи қонун хабар намедиҳанд ва дар натиҷа, қурбонии фоҷеа мешаванд.
Ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки таҳдид ба куштор ҷиноят аст ва бояд сари вақт ба мақомот хабар дода шавад.
Мақомоти Кумитаи кор бо занон мегӯянд, дар Тоҷикистон мавридҳои зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ алайҳи занон зиёд мешавад. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли 2025 нисбати занон ва духтарони ноболиғ беш аз 900 ҷиноят содир шудааст.
Дақиқ нест, ки чанд ҳолати он ба куштори занон вобаста аст, аммо мақомоти интизомӣ пайваста аз марги занон бо дасти шавҳаронашон дар пайи муноқишаҳои оилавӣ гузориш медиҳанд.