Эҷоди як мансаби нав дар вазоратҳои Тоҷикистон

Дар ҳама вазоратҳои Тоҷикистон ғайр аз муовинони ҳозираи вазир боз як муовини дигар таъйин хоҳад шуд, ки вазифааш ба рақамикунонӣ нигаронида мешавад.

Дар ин бора Хуршед Мирзо, раиси Оҷонси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рӯзи 6-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, чунин амал ба манфиати кор аст.

Вай шарҳ дод, афроде, ки ба ҳайси муовин таъйин мешавад, шарт нест мутаххассиси IT ё фанновариҳои иттилоотӣ бошанд, муҳим аз раванди ислоҳот ба гузориши рақамӣ огоҳ бошанд.

Тоҷикистон дар чанд соли охир бо таҳияи барномаву таъсиси ниҳоди алоҳида талош дорад аз иқтисодӣ анъанавӣ ба иқтисодӣ рақамӣ гузарад.

Мақомот норасоии зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла марказҳои коркарди маълумот, махзанҳои рақамӣ, суръату сифати интернет ва омодасозии мутахассисони соҳаи IT-ро аз мушкилотҳои ин раванд медонад.

Маълум нест таъйини муовини нав дар вазоратҳои кишвар дар гузор ба иқтисоди рақамӣ ё рушди ҳукумати электронӣ то куҷо таъсир хоҳад гузошт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бонки аврупоӣ ба "Шабакаҳои тақсимоти барқ" беш аз 40 миллион евро кӯмак мекунад Президенти Тоҷикистон ва мудири Бонки Ҷаҳонӣ чӣ гуфтанд?