Абдулҳафиз Ҳафизов, муҳоҷири тоҷик, ки барои кори мавсимӣ ба Бритониё рафтааст, бо як рафтори худ садҳо сокини Қирғизистонро шод намуд.
Ӯ мегӯяд, дар назди хобгоҳаш дар Бритониё парчами Тоҷикистонро насб кард ва ҳамзамон парчами кӯҳнашудаи Қирғизистонро иваз намуд.
Пас аз ин аз қирғизистониҳо садҳо паём гирифт ва расонаҳо ҳам дар борааш навиштанд.
“Ростӣ, сахт ҳайрон шудам. Суханҳои хубу самимӣ шунидам. Ҳеч гоҳ чунин посухи гарму самимиро интизор набудам. Хушҳолам, ки бародарони қирғиз нисбат ба мо боз ҳам эҳтироми бештар пайдо карданд,” – гуфт Абдулҳафиз Ҳафизов.
Ин муҳоҷири тоҷик панҷ моҳ пеш ба Бритониё рафтааст. Қабл аз он дар Русия кор мекард, аммо аз рафтори мақомоти интизомӣ норозӣ буд.
“Кормандони ОМОН (Нерӯҳои зудамал)-и Русия ба маҳалли сохтмон омада, телефонҳоямонро гирифтаву пурсуҷӯ мекарданд. Ҳар гоҳе, ки аз марз мегузаштам, аҳвол ҳамин буд. Ин барои ман як чизи одӣ шуда буд.”
Ӯ орзу дорад, ки ба ватан баргардад ва тиҷорати худро боз кунад. “Ҳоло пулам намерасад. Бояд камаш ду соли дигар кор кунам. Сипас тиҷорати худро боз мекунам: устохонаи таъмири мошин, мурғпарварӣ ё ҷойи қолиншӯӣ. Мехоҳам таҷриба кунам. Он гоҳ мехоҳам ба ин ҷо танҳо барои истироҳат биёям,” – гуфт Абдулҳафиз Ҳафизов.
Садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон, ки кишварашон пойбанди пули муҳоҷирон аст, асосан дар сохтмон ва бозору киштзору корхонаҳои Русия кор мекунанд. Кори мавсимӣ дар Бритониё барои онҳо нав аст.