Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, шоми сешанбе гуфт, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Русия то шоми 20-уми январ беш аз як миллион нафар дар Киев бе нерӯи барқ мондаанд.
Ӯ афзуд, ки дар пойтахти Украина беш аз 4 ҳазор бинои баландошёна аз гармӣ маҳрум шудаанд. Субҳи рӯзи 20-уми январ ҳудуди 5600 хона бе гармӣ монд, вале мақомот андак баъд тавонистанд, бахше аз онҳоро дигарбора ба шабакаҳои гармӣ васл кунанд.
Владимир Зеленский ҳамчунин аз фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Украина дар амри маҳви дрон ва ё паҳподҳои Русия изҳори норизоятӣ кард ва гуфт, ин мавзуъро бо Михаил Фёдоров вазири нави дифоъ баррасӣ кардааст.
Ба иттилои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, дар ҷараёни ҳамлаи густурдаи шаби 20-уми январ артиши Русия аз 372 паҳпод ва мушак истифода кардааст, ки 342-тои онҳо сарнагун ё маҳв карда шуданд. Ҳадафҳои асосӣ иншооти энергетикӣ, аз ҷумла дар шаҳри Киев буданд. Дар бораи қатъи барқ на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои дигари Украина низ гузоришҳо мерасанд.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки шаби сешанбе ба ҳадафҳои низомӣ дар Украина, аз ҷумла ба зербунёдҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки ба гуфтаи онҳо "барои эҳтиёҷоти артиши Украина истифода мешаванд", ҳамлаи густурда анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод, ки субҳи сешанбе чанд зеристгоҳи барқии Украина, ки барои амнияти ҳастаӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар амалиётҳои низомӣ осеб диданд. Дар гузориш омадааст, ки аз ҷумла нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки фаъолият намекунад, пурра аз манобеи берунаи нерӯи барқ маҳрум шудааст. Ҳамчунин хатҳои интиқоли барқ, ки ба дигар нерӯгоҳҳои атомии Украина васл ҳастанд, зарар дидаанд.