Кэтрин Рассел, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мегӯяд, тақрибан як миллиард кӯдак дар саросари ҷаҳон зери таъсири буҳрони тағйирёбии иқлим қарор доранд.
Хонум Рассел 30-юми май зимни Ҳамоиши пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо дар Душанбе гуфт, кӯдакон пеш аз ҳама таъсири тағйирёбии иқлимро ҳис мекунанд.
Намояндаи ЮНИСЕФ даъват кард, ки дар вақти амалӣ кардани барномаҳои муқобила бо тағйирёбии иқлим, бояд кӯдакон дар маркази диққат бошанд. Ӯ гуфт, бояд “ба ниёзҳои асосии кӯдакон диққат диҳем ва хизматрасонии калидӣ, ба монанди таъмини об ва таҳсил барои онҳо бояд таъмин гардад.
Кӯшиш кунем, ки ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ва модарон ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқуллода таъмин шавад. Кӯдакони мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунанд, ки аз мо ба онҳо мегузарад. Биёед онҳоро дастгирӣ кунем”, - афзуд директори иҷроияи ЮНИСЕФ.
Рассел яке аз ширкатдорони конфронси Душанбе аст, ки то 31 май идома мекунад.