Додгоҳе дар вилояти Хатлон як мардро барои латукӯб ва ба марг расондани ҳамсараш ба 16,6 сол зиндон маҳкум кардааст.
Дар қарори додгоҳ омадааст, Абдумасад Нуралиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи декабри соли гузашта "бинобар сабаби вазъи оилавӣ" бо ҳамсараш ҷанҷол карда, бо мушт ва тахтачӯб ҳамсарашро задааст. Ҳамсари ин мард як рӯз баъд ҷон бохтааст.
Назари мард ба қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ дар хабарномае навиштааст, ин мард дар мурофиаи сайёр "аз аҳли деҳа ва намояндагони ҷабрдидаи марҳум узрхоҳӣ карда", сидқан пушаймон шуд.
Додгоҳ бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтааст, қаблан ҳам зиндонӣ шуда буд.
Хушунати хонаводагӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.