Як мансабдори Қирғизистон дар бораи ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг гуфт

Нерӯҳои Русия

Як мансабдори баландпояи Қирғизистон бори нахуст ва ошкоро дар бораи ҷалби маҷбурии шаҳрвандони ин кишвар дар Русия ба ҷанги зидди Украина изҳори назар кард.

“Онҳоро дар комиссариатҳои ҳарбӣ ё боздоштгоҳҳо маҷбур мекунанд, ки ба қарордод имзо гузоранд,” – гуфт Ҷээнбек Қулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 13-уми октябр.

Вай афзудааст, “агар сари вақт хабардор шавем, дахолат мекунем. Бо ҳамин роҳ тавонистем, ки аз фиристодани бисёре аз муҳоҷирон ба ҷанг пешгирӣ кунем.”

Аммо ба қавли ӯ, баъзе аз шаҳрвандон дар бораи имзои қарордод ва фиристода шудан ба ҷанг ҳатто пайвандони худро огоҳ намекунанд.

Ҷээнбек Қулубоев

"Мо танҳо баъди захмӣ ё кушта шудани онҳо огоҳ мешавем. Пас аз фиристода шудан ба ҷанг баргардондани шахс ба маротиб мушкилтар аст. Аммо агар донем, ки ӯ дар кадом қисми низомӣ ва дар куҷо қарор дорад, талош мекунем ёрӣ расонем,” – илова кард Ҷээнбек Қулубоев.

Аз ин пеш, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо супурдани нота ё ёддошт хоҳони бозгардондани он шаҳрвандоне шуд, ки мегӯянд маҷбурӣ ба артиши Русия бурда шудаанд.

Шумораи дақиқи хориҷиёне, ки дар тақрибан панҷ соли таҷовузи Русия ба хоки Украина ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҷалб шудаанд, маълум нест.

Маскав омори пурраро дар бораи муҳоҷироне, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар хидмат мекунанд ё дар майдони ҷанг дар Украина қарор доранд, ошкор намекунад.

Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина то моҳи майи соли 2026 ҳувияти 12 ҳазору 919 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тақрибан се ҳазор нафарро аз Тоҷикистон муайян кардааст, ки бо Вазорати дифои Русия қарордод бастаанд.

Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад дурустии ин оморро тасдиқ ё инкор кунад, аммо то кунун дар бораи кушта шудан, асир афтодан ё захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия зидди Украина гузориш додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Силоҳро ба сарат гузошта, мегӯянд, шартномаро имзо кун""Гуфт, модар нигарон набош, аммо дигар занг назад." Олимҷон куҷо шуд?"Дар ҷанги Украина кушта шуд." Дафни Фирдавс Салоҳов (Киллер) дар ДушанбеЯк шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаастХабарнигори тоҷик мегӯяд, тоҷиконро ба зӯр ба ҷанг мебарандАрзёбии нави талафоти Русия дар ҷанг: 352 ҳазор сарбоз кушта шудааст