Суннатулло Акбаров, сокини шаҳри Самарқандро барои паҳн кардани марсия ё сурудаҳои динӣ, ки мақомоти Узбекистон "таҳдид ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ" хондаанд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Акбарови 22-сола аз пайравони мазҳаби шиа номбар мешавад. Дар ин бора бунгоҳи "Forum 18", ки масоили мазҳабиро бозтоб медиҳад, рӯзи 13-уми ноябр хабар дод.
Ҳукмро Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Самарқанд моҳи октябри имсол содир кардааст. "Forum 18" навиштааст, Суннаталуо Акбаров бо ҳукм розӣ нест ва бозбинии онро хоста буд, аммо додгоҳ дар мурофиае аз 3-юми ноябр қарорашро бетағйир гузошт.
Қаблан додрас Азиз Лазизов гуфта буд, ки "ин ҷавон таронаҳои ифтрогароёна гӯш кардааст ва сазояш маҳрумӣ аз озодист.” Вале ӯ ба суоли он ки чаро гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ ҷинояти вазнин шумурда мешавад, посух надодааст.
“Forum 18” мегӯяд, сухан дар бораи марсия ё таронаҳои азодории шиамазҳабон меравад, ки гуё Суннатулло Акбаров дар саҳифаи ҳамандешонаш дар Телеграм гузоштааст. Кумитаи дини Узбекистон дар як хулосаи осемасарона гуфтааст, ин саҳифа дар Телеграм “фаъолият ва таълимоти гуногуни носанҷидаро ташвиқ мекунад”.
Шаҳрзод Исроилов, як пайрави мазҳаби шиа, дар суҳбат бо бунгоҳи “Forum 18” гуфтааст, баъзе аз марсияҳоро ӯ ба Суннатулло Акбаров фиристода буд, вале “дар онҳо ба тундравии динӣ ё фаъолияти зидди мақомоти Узбекистон даъвате нашудааст.” Исроилов аз соли 2021 ба далели фишори афзояндаи мақомоти Узбекистон дар берун аз кишвар қарор дорад.
Аксар сокинони Узбекистон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Ҳамзамон дар ин кишвар камшуморони шиа низ кору зиндагӣ мекунанд.
Маъмурони пулиси Узбекистон тобистони соли 2025 шаш пайрави мазҳаби шиаро дар Самарқанд боздошту бозпурсӣ ва сипас раҳо карда, моҳи октябри ҳамон сол Анвар Алиевро чор сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаанд.
“Forum 18” мегӯяд, пулис дар охири моҳи августи имсол хонаи волидони Сӯҳроб Комил ва Шаҳрзод Исроилов, ду пайрави мазҳаби шиаро, кофтукоб кардааст. Мақомоти Узбекистон ин қазияҳоро шарҳ надодаанд.