Додгоҳи шаҳри Бохтар як ҷавонро, ки ба далели ахлоқӣ номаш навишта намешавад, бо гуноҳи таблиғи “порнография” ё маводи шаҳвонӣ шаш сол зиндонӣ кардааст.
Ҳукми А.Ш. дар охири моҳи май содир шуда, Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 29-уми июн иттилоъ гирифт.
Яке аз хешовандони ҷавон гуфт, “додгоҳ ӯро барои ғайриқонунӣ омода кардани маводи порнографӣ гунаҳкор донист.” Чизе, ки пайвандонаш намепазиранд ва иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа баёнот додааст.
“Маъмурони милиса ӯро моҳи март ҳангоми гаштугузор дар шаҳри Бохтар барои риш нигоҳ дошта, пас аз тафтиши телефонаш ба таблиғ ва паҳн кардани маводи шаҳвонӣ муттаҳам карданд. Дар милисахона ӯро задаанд. Вай худашро айбдор намедонад,” -- гуфт яке аз хешовандони ҷавон.
Радиои Озодӣ талош кард, ки назари мақомотро дар ин бора бигирад, аммо то ин дам муваффақ нашуд.
Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар Камбоҷа кору таҳсил мекард ва дар охири моҳи феврали имсол барои зиёрати қабри волидонаш ба Тоҷикистон омада буд.
Мақомот дар Тоҷикистон соли 2023 ҷазоро барои тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ сахттар карданд.
Солҳои охир баъзе аз духтарон шикоят доранд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар иваз аз онҳо пул меситонанд.
Дар гузашта чанд навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, низ ба интернет роҳ ёфта буд. Мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, ки он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.