Икромиддин Сареъ, фармондеҳи пулиси вилоятҳои Тахор ва Бағлон дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ва аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Толибон, шаби гузашта бар асари тирандозӣ дар назди дафтари кориаш дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, кушта шуд.
Манбаъҳои наздик ба ӯ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон марги ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Икромиддин Сареъ ва яке аз ҳамроҳонаш кушта шуданд ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Генерал Сареъ пас аз сарнагунии низоми пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани Толибон ба Эрон рафт ва дар онҷо барои низомиёни пешин додхоҳӣ мекард.
Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳукумати Толибонро муттаҳам ба террори ӯ кардааст. Ҳукумати Толибон то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Бархе мақомҳои ҳукумати пешини Афғонистон ва ҷабҳаҳои мухолифи Толибон қатли ин фармондеҳи собиқи пулисро маҳкум карда, аз ҳукумати Эрон хостаанд, ки дар ин бора таҳқиқ кунанд ва омилони онро шиносоӣ намояд.
Ҳукумати Эрон аммо то ҳол дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.
Дар чанд моҳи ахир ин дувумин чеҳраи мухолифи Толибон аст, ки дар Эрон террор мешавад.
Чаҳор моҳ пеш Маъруф Ғуломӣ, яке аз фармондеҳони ҷиҳодӣ низ дар шаҳри Машҳад боз зарби гулӯлаи афроди мусаллаҳ кушта шуда буд.