Як фармондеҳи баландпояи Русия дастгир шудааст

Акс аз бойгонӣ

Ба гузориши расонаҳои Русия, як фармондеҳи баландпояи ин кишвар дастгир шудааст.

Генерал Юрий Грехов муовини фармондеҳи нерӯҳои кайҳонии Русия буд.

Нашрияи "Коммерсант" навишт, ки додгоҳи Маскав парвандаи ӯро рӯзи 25-уми ноябр баррасӣ кард.

Хабаргузории РБК-и Русия мегӯяд, Юрий Грехов ба гирифтани ришва ё пораи бузург гумонзад аст.

Парвандаро Раёсати таҳқиқоти низомии Кумитаи тафтишоти Русия боз кардааст.

Ба гузориши вебсайти "Ведомости", агар иттиҳоми ришвахорӣ дар додгоҳ собит шавад, мумкин аст, муовини фармондеҳи нерӯҳои кайҳонии Русияро ба 15 сол зиндон маҳкум кунанд.