Хабаргузории Мизон, ки ба низоми додгустарии Эрон рабт дорад, рӯзи 25-уми сентябр иддао кард, ки Рашидии 42-сола “бемории саръ (эпилепсия) дошта, дучори ташаннуҷ буд ва мудом дарди сар дошт” ва рӯзи 15-уми сентябр аз по уфтод.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки ӯро нахуст табибони бемористони зиндони Қарчак ва баъди ин дар бемористони шаҳри Варомин муолиҷа карданд. Вале оҷонсии фаъолони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар ИМА воқеъ аст, ба нақл аз табибон гуфтанд, ки дар асл сабаби бад шудани вазъи саломатии Рашидӣ дар он буд, ки ба ӯ сари вақт ёрии тиббӣ расонида нашуд.
Гурӯҳи “Ҳангом”-и фаъолони ҳуқуқи инсон, воқеъ дар Норвегия, навишт, ки табибони зиндон ба ҷои расонидани ёрии муносиби тиббӣ ба ӯ доруву дармони оромбахш медоданд. Ба навиштаи ин гурӯҳ, “нодида гирифтани вазъи ӯ боиси ташаннуҷ ва дар натиҷа, сакта кардани ӯ шуд”. Хонаводаи Рашидӣ ҳоло талош дорад, ки сабаби марги ӯро “иштибоҳи бемористон” сабт кунад. Яке аз ҳамҳуҷраҳои Рашидӣ дар зиндони занонаи Қарчаки воқеъ дар ҷануби Теҳрон, ки Рашидӣ он ҷо нигаҳдорӣ мешуд, ба Радио Фардо гуфт, ки ӯ “дучори саръ буд, дардаш зуд-зуд хуруҷ мекард ва аз сардарди бисёр сахт азият мешуд. Ҳар вақте ба пизишки зиндон муроҷиат мекард, ба ӯ мегуфтанд, ки аз камғизоӣ ранҷ мебарад ва дубора ба ҳуҷраи зиндон мефиристоданд”.
Мақомот дар Эрон зиндониҳои сиёсиро дар сурати сар задани мушкили саломатӣ сари вақт ба назди табибон намефиристанд ва танҳо дар ҳолати сангин иҷоза медиҳанд, ки бо ёрии касбии тиббӣ фаро гирифта шаванд.