Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд

Саломатшо Ғалчаев шаби 17-уми марти 2026 дар натиҷаи як муноқиша дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ кушта шуд

Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми июн ӯро ба куштани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз ноҳияи Ванҷ гунаҳкор донистааст.

Мавқеи Ивазмад Қодиров ё наздикону вакили мудофеаш ба ҳукм рӯшан нест.

Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зидди ҳукми додгоҳ шикоят намебаранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, "ду шоҳиде, ки ҳангоми ҳодиса афсари милисаро ҳамроҳӣ мекарданд, ба мурофиа оварда нашуданд." Вай аз касе ном нагирифт.

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ва маълумоти бештар аз Додгоҳи низомии Хоруғ то ин дам бенатиҷа буд.

Саломатшо Ғалчаев шаби 17-уми марти имсол дар натиҷаи як муноқиша дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ кушта шуд.

Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфта буд, моҷаро бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.

Ивазмад Қодиров фармондеҳи ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ буд ва он шаб аз силоҳ истифода кардааст.

Аз Саломатшо Ғалчаев панҷ фарзанд монд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оғози мурофиаи куштори сокини Ванҷ аз сӯи афсари ВКДПоёни таҳқиқи куштори сокини Ванҷ аз сӯи афсари пулис Идомаи таҳқиқи қатли як сокини Ванҷ Парванда зидди афсари ВКД бо иттиҳоми қатли як сокини ВанҷТаҳқиқи кушта шудани як сокини Ванҷ аз сӯйи афсари ВКД"Ду тир задааст." Кушта шудани як ҷавон аз сӯйи афсари ВКД дар Ванҷ