Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф, муовини пешини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел 60 сола шуд. Ин сиёсатмадор соли дуюм аст, ки зодрӯзашро на дар канори ҳамсару фарзандон, балки дар кунҷи маҳбас мегузаронад. Ҳакимов дар доираи парвандаи пурсару садои "кӯшиши табаддулот" ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст. Худ ва наздиконаш розӣ нестанд.
Шокирҷон Ҳакимов моҳи июли соли 2024 боздошт шуд ва қариб ду сол аст, ки дар ҳабс ба сар мебарад.
Ба нақли наздиконаш, вазъи саломатии Ҳакимов дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат бад буда, ӯ аз фишорбаландӣ ва хастагии асаб азият мекашад. Яке аз пайвандонаш, ки бо далели пеш наомадани мушкил нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тули ин муддат сахтиҳои зиёдеро паси сар намудаанд.
"Асабашон бениҳоят, хеле ва хеле хароб шудааст. Пайваста фишорашон баланд мешавад. Доруҳои лозимаро бурда мерасонем. Ҳоло зери назорати пизишкони маҳбасанд"-, афзуд ӯ.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Шокирҷон Ҳакимов аз муносибати маъмурони маҳбас шикоят надорад, вале рӯзҳо барояш дар зиндон сахт мегузарад. Иттиҳомот ва ҳукми додгоҳ дар нисбаташ барои ӯ бештар нигаронкунанда будааст.
"Ягон гӯши додрас набошад, шуморо нашунавад, касе пуштибонӣ накунад мушкил аст. Орзуи мо ин аст, ки сиҳату саломат барояд...шодии ӯро бубинем”-афзуд, хешованди Шокирҷон Ҳакимов.
Бо вуҷуди сахтиҳо, Ҳакимв дар чанд мусобиқаи шоҳмот дар зиндон ҷойи аввалро гирифта, барои ин муваффақияташ маъмурияти зиндон ба ӯ ваъдаи имтиёз дар вохурӣ бо наздиконашро додаанд.
"Ваъда доданд, ки дар муассисаи ислоҳи ҳам чораҳои муҷозотӣ ва ҳам чораҳои ҳавасмангардонӣ аст. Вақте дар мусобиқа ҷой гирад, ба сифати чораҳои ҳавасмандкунӣ вохуриҳои иловагӣ медиҳанд. Мо ҳам умедворем ва талаб дорем дар зодрӯзашон ҳамин ваъда иҷро шаваду аҳли хонавода ӯро бубинем ва лаҳзае ҳам бошад шод шаванд", - мегӯяд яке аз наздикони Шокирҷон Ҳакимов.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки масъули назорати зиндонҳои кишвар ҳастанд, ҳозир нашуданд дар бораи вазъи Шокирҷон Ҳакимов суҳбат кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Доруҳои даркориро расондем". Пас аз 1 сол хонаводаи Шокирҷон дар зиндон бо ӯ вохӯрдандШокирҷон Ҳакимов моҳи феврали соли 2025 баъди бештар аз ним соли боздошт, бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ ба 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Худаш ва наздиконаш иттиҳомҳоро беасос медонанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамроҳи ӯ 8 чеҳраи маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Шикояти онҳо аз болои ҳукми додгоҳ рад шуд.
Тай тақрибан ду соли ахир исми Шокирҷон Ҳакимов дар гузоришҳои созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар борҳо садо додааст. Ин созмон, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Шокирҷон Ҳакимовро ҳамроҳ бо чанде аз ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки боздошту зиндонӣ шудаанд, фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оилаи Шокирҷон Ҳакимов: “Хаста шудем, аммо нарехтем”
Шокирҷон Ҳакимов соҳиби чор фарзанд буда, қабл аз боздошт шуданаш ният доштааст, ки писари хурдиро оиладор кунад. Ӯ борҳо аз он шикоят мекард, ки бо доштани таҷриба ва дониш, ба хотири мавқеи сиёсиаш дар ҳеч донишгоҳ ба кор пазируфта намешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ягон машваратро иҷро накард." Гузориши HRW ба СММ дар бораи ТоҷикистонҲакимов аз шумори шореҳони воқеаҳои сиёсӣ буд ва дар баҳсҳои муҳими иҷтимоӣ иштироки фаъол дошт. Зодаи шаҳри Конибодом буда, дар интихоботҳои солҳои 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом номзад ба Маҷлиси намояндагон буд.
Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дувум кашонад, аммо Кумитаи марказии интихобот Насрулло Маҳмудзодаро баранда эълом кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ш.Ҳакимов: Адолат ҷустуҷӯ дорам