Зимистон. Мавсими пулҷамъкунӣ барои ҳезуму бухорӣ

Акс аз бойгонӣ

Мавсими зимистон, ки дар макотиби Тоҷикистон аз 15-уми ноябр оғоз ёфтааст, бисёре аз хонандагонро дар навоҳии кишвар овораи дарёфти бухорӣ ва таппаку ҳезум кардааст.
Фараҳноз, як хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе, мегӯяд, синфхонаҳояшон бо бухориҳои барқӣ гарм мешаванд: «Дар зимистон мо радиатор мемонем, синфҳо гарм мешаванд. Кулоҳу палтоямонро аз тан кишида, дарс мехонем.»

Аммо ба фарқ аз Фараҳнози шаҳрӣ, ҳамсоли ӯ Назира, толибилми яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, дар зимистон бе палтову кулоҳ дар синфхонаҳои мактабашон дарс хондан ғайриимкон аст. Ба гуфтаи Назира, бухории бобоӣ танҳо дар роҳрави ошёнаҳои якуму дуюми мактаб ва ҳуҷраи муаллимон насб гардидаасту халос.

«Роҳбари синфамон гуфт, ки дар хонаи касе, ки печкаи зиёдатӣ бошад, биёрад. Таъмини печка аз ҳисоби толибилмон ва турбаю ҳезум аз ҳисоби мактаб гуфтанд. Агар наёфтем, барои харидории печка даҳсомонӣ маблағ ҷамъ мекунем»-афзуд Назира.

Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи Абдулло Абдураҳимов, директори яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода, гарм кардани синфхонаҳо вазифаи ҳар як роҳбари таълимгоҳ мебошад. Ӯ мегӯяд, аз соли 2008-ум тамоми муассисоти таҳсилоти умумӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд ва ҳар сол ба суратҳисоби мактабҳо, аз ҷумла барои гарм кардани синфхонаҳо маблағ ҷудо мешавад. Аммо ҷаноби Абдураҳимов илова намуд, ки маблағҳои ҷудошуда кофӣ нестанд ва ин аст, ки раҳбарияти мактаб ба кӯмаки волидайн ниёз дорад.

Ба гуфтаи Абдулло Абдураҳимов, феълан тамоми 23 синфи мактаби ӯ бо печка қисман аз ҳисоби волидайн ва як қисм аз ҳисоби худи мактаб таъмин шуда, ҳамчунин 4, 5 тонна ангишт ва 10 метри мукааб ҳезум захира шудааст: «Қисми зиёди ангишт хок аст. Барои ҳамин мо як роҳро пайдо намудем. Хокаи ангиштро дар зарфҳои пластикӣ ва селофанҳо гирифта, пеш аз истифода бурдан каме онро тар мекунем, баъд месӯзад.»

Сифати пасти ангишт феълан Вазорати маорифро низ нигарон кардааст. Ин ниҳод мехоҳад, бо мактубе аз Вазорати молияи Тоҷикистон дархост кунад, то таъмини мактабҳо бо ангишт ба дӯши худи таълимгоҳҳо вогузор шавад. Дар ин робита сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон Абдусамад Муллоев гуфт:

«Cифат ва ҳаҷми ангишт ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳатто нархаш низ якмаром нест. Мо минбаъд кӯшиш мекунем, ки таъминоти ангиштро тавассути худи директорони мактабҳо ба роҳ монему масъулият талаб кунем. Ҳоло кадом як ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва шӯъбаҳои молия дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ин корро иҷро мекунанд, ки аз онҳо сифатро талаб карда наметавонем.»

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Вазорати маориф ҳоло тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишвар бо ангишт ва дигар сӯзишворӣ таъмин буда, ба давраи зимистонгузаронӣ омода мебошанд.

Тирамоҳу зимистони соли 2012 - 2013 талаботи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ангишт бештар аз 35, 5 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта қариб 1000 тонна зиёд аст. Сабаби инро Абдусамад Муллоев ба беҳтар шудани таъминоти ангишт ба мактабҳо унвон кард.