Воридоти тухмро дар Қирғизистон манъ мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати кишоварзии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки воридоти тухми мурғро ба ин кишвар муваққатан боздоранд.

Лоиҳаи қарори вазорат дар ин замина ба баррасии умум пешниҳод гаштааст.

Тибқи қарор, воридоти тухми мурғ ба Қирғизистон ба муҳлати 6 моҳ манъ карда мешавад. Ин қарор ба транзити тухм тавассути қаламрави Қирғизистон дахл надорад.

Дар вазорат гуфтанд, ҳадаф аз ин маҳдудият таъмини амнияти ғизоӣ, ҳимояти соҳибкорони дохилӣ ва ба эътидол овардани нархи бозори маҳсулоти ғизоӣ дар Қирғизистон аст.