Володин гуфт, имсол 35 ҳазор хориҷӣ аз хоки Русия ихроҷ шудааст

Вячеслав Володин

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин гуфт, ки дар давраи ҳашт моҳи соли 2025 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз хоки Русия ихроҷ карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар феҳристи афроди таҳти назорати ВКД то 1 сентябри имсол исми 770 ҳазор муҳоҷире қарор дошт, ки қонуни муҳоҷиратро вайрон кардаанд ва сеяки онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. “Ин афрод бояд аз кишвар ихроҷ шаванд”, навишт Володин дар саҳифааш дар шабакаи МАХ.

Маълум нест ин нафарон шаҳрванди кадом кишварҳо ҳастанд, вале, ба гуфтаи Володин, ба рӯйхати “сиёҳи” полиси Русия аз санаи 5 феврали соли ҷорӣ исми чунин нафаронро ворид кардаанд: онҳое, ки барои сабтином маълумотномаву санадҳои заруриро надоштанд, дар ҷои иқомат ба қайд гирифта нашудаанд, мӯҳлати санҷишҳои ҳарсолаи зарурии мисли озмоиши тиббиро вайрон кардаанд ва патенту иҷозатнома ва қарордоди кориашон кӯҳна шудааст.

Володин гуфт, нафароне, ки дар ин феҳрист ҳастанд, ҳақ надоранд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта ваё мошинронӣ кунанд, бо харид ё фурӯши мошин ё хона машғул шаванд, оила барпо кунанд, ҳисоби бонкӣ боз намуда ваё пул интиқол диҳанду пулҳои худро дар бонк истифода кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Володин мегӯяд, ихроҷи муҳоҷирон аз Русия идома мекунад

Володин навиштааст, онҳое, ки мақоми худро қонунӣ накардаанд, бояд пеш аз он ки Русияро тарк кунанд, ба мақомот хабар диҳанд, ки дар кадом рӯз, бо кадом роҳ ва ба кадом кишвар сафар мекунанд. Ӯ гуфтааст, агар чунин нашуд, “муҳоҷирро зӯран, баъди ситонидани ҷарима ва бо муҳри ихроҷ дар мӯҳлати 5 соли баъдӣ” аз хоки кишвар берун мекунанд.

Раиси парлумони Русия гуфтааст, ки чораҳои ҷоришуда барои ба танзим даровардани соҳаи муҳоҷират дар ин кишвар мусоидат мекунад.

Русия дар давоми ду соли охир даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирони кориро қабул кард ва дар амри иҷрои ин муқаррарот бо ҳар роҳ, бисёр вақт аз роҳи зӯр ва фишору таҳқир даҳҳо ҳазор хориҷиҳоро аз хоки ин кишвар ихроҷ намуд. Дар миёни онҳо ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд, ки дар Русия кору даромади худро таъмин мекарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистону Русия дар бораи "муоинаи тиббӣ"-и муҳоҷирон созиш имзо кардандСафари Путин ба Душанбе чизеро тағйир медиҳад?Полиси Маскав қарори ихроҷи 1400 муҳоҷири кориро содир намуд