Вокуниши Вазири маориф ба латукӯби омӯзгор

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳо дар бораи ҳимоя накардан аз ҳуқуқи омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов посух дод.

Раҳим Саидзода 10-уми июл дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов "нисбати хонанда аз таҳқир истифода бурдааст ва ин исбот ва алайҳаш чораҷӯйӣ шуд".

Ба гуфтаи Саидзода, намояндагони Иттифоқи касаба дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат карданд.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод пештар шикоят кард, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст. Додгоҳ 3-юми июн омӯзгорро дар иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак, гунаҳор карда, 1560 сомонӣ ҷарима баст. Фарде, ки ба латукӯби омӯзгор муттаҳам мешуд, барои майдаавбошӣ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум шуд.

Баъди содир шудани ҳукм омӯзгор гуфт, аз ин қарор розӣ нест ва аз кор дар мактаб даст мекашад. Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.