Вокуниши Раҳмон ба ҳодисае, ки Русия танқид кард, вале Украина “дурӯғ” хонд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри 2025

Дар ҳоле ки мақомоти Украина хабари ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород напазируфтанд, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум кардааст. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми декабр дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Владимир Путин садо додааст.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, “чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар (Русия) ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд.”

Вазири корҳои хориҷии Русия нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гуё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд. Сергей Лавров гуфт, дар ин ҳамла 91 паҳпод истифода шуд, аммо ягон талафот ва зараре дар пай надошт.

Президенти Украина Владимир Зеленский изҳороти вазири корҳои хориҷии Русияро “дурӯғи навбатии Маскав” хонд. Ба гуфтаи Зеленский, Русия талош дорад ба раванди музокироти сулҳ халал расонда, барои ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ дар Киев баҳонае омода кунад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия таҳдид кардааст, ки артиши Русия макон ва замони ҳамлаи ҷавобиро дақиқ кардааст. Сергей Лавров гуфтааст, Маскав аз раванди музокирот бо Амрико бар сари поёни ҷанг дар Украина берун намешавад, аммо мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфтааст, дар гуфтугӯи охири телефонии Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мавзӯи ҳамла ба қароргоҳи президентӣ дар Новгород баррасӣ шуд.

Дар ҳоле ки Кохи Сафед дар ин бора чизе нагуфтааст, ёвари президенти Русия мегӯяд, Трамп аз хабари ин ҳамла ҳайратзада шудааст. Ба гуфтаи Ушаков, Владимир Путин ба Трамп гуфтааст, ҳамла бепосух намемонад ва Русия мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.

Сухангӯи Кохи Сафед дар шабакаи X навишт, Доналд Трамп бо Путин дар бораи Украина “суҳбати муфид” дошт, аммо ҷузъиёт надод. Худи Трамп дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, аз талоши ҳамла ба қароргоҳи Путин “хашмгин” шудааст, чун “феълан замони муносибе барои чунин кор нест”.