Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Теҳрон, 28-уми феврали 2026

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон вокунишҳои густардаеро дар ҷаҳон ба дунбол дошт.

Иттиҳоди Аврупо хоҳони "хештандории ҳадди аксар" шуд. Урсула фон дер Лайен, раиси Кумисюни Аврупо ин таҳаввулотро "бисёр нигаронкунанда" номид. Иттиҳоди Аврупо, ки аз 27 кишвар иборат аст, ба берун кардани коргарони ғайризарурии худ шуруъ кардааст.

Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, "таъмини амнияти ҳастаӣ ва пешгирӣ аз ҳар иқдоме, ки танишҳоро бештар мекунад, ҳаётан муҳим аст."

Ӯ дар баёнияи муштарак бо раиси Шӯрои Аврупо афзуд, "аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем, ки ҳадди аксар хештандорӣ дошта бошанд, аз ғайринизомиён муҳофизат кунанд ва ба таври комил ба ҳуқуқи байнулмилалӣ эҳтиром гузоранд".

Теҳрон, 28-уми феврали 2026

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ гуфтааст, шабакаи консулии ин созмон машғули берун кардани шаҳрвандони Иттиҳодия аз минтақа аст. Каллас афзуд, бо вазири корҳои хориҷии Исроил ва "вазирони дигар дар минтақа" гап задааст.

"Таҳаввулоти охир дар саросари Ховари Миёна хатарнок аст. Режими Эрон ҳазорон нафарро куштааст. Барномаи мушакҳои баллистикӣ ва ҳастаии он ҳамроҳ бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад", - навиштааст Кая Каллас дар шабакаи "X".

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон ва миёнарави музокироти Амрико ва Эрон, дар паёме бо ибрози ноумедӣ аз оғози ҷанг навишт, барои бегуноҳоне, ки дар ин ҷанг зарар хоҳанд дид, дуо мекунад.

Сухангӯйи ҳукумати Бритониё бо пахши изҳороте гуфт, "ба Эрон ҳеч гоҳ иҷозат дода намешавад, ки силоҳи ҳастаӣ созад. Аз ин рӯ мо пайваста аз талошҳо барои расидан ба роҳи ҳалли музокирот пуштибонӣ мекунем."

Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд. Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист".

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Байтро заданд." Дар Эрон чӣ мегузарад?


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба амалиёти низомии Амрико ва Исроил хостори баргузории нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал шуд. Вазорат ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроилро поймоли оинномаи Созмони Милал хонда, посух ба онро "ҳаққи қонунии Эрон" донист.

Эрон талаб кардааст, ки Созмони Милал ва Шӯрои амният барои муқобила "ба нақзи сулҳ ва амнияти байнулмилалӣ" ва "таҷовузи низомии ошкоро"-и Амрико ва Исроил иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои охир бо мушак ва паҳпод ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн ҳамла кардааст.

Абузаби, 28-уми феврали 2026

Дар ҳамин ҳол Арабистони Саудӣ дар баёнияе ҳамлаи Эронро зидди кишварҳои ҳамсоя маҳкум намуд. Дар ин баёния омадааст, "подшоҳии Арабистони Саудӣ таҷовузи ваҳшиёнаи Эрон ва нақзи ошкори ҳокимияти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт ва Урдунро башиддат маҳкум мекунад".

Бо ин ҳол, дар баёния ишорае ба ҳадаф қарор гирифтани Арабистон тавассути Эрон нашудааст. Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Фаронса аз шунида шудани садои чанд таркиш дар Риёз, пойтахти Арабистон хабар дода буд.