Вокунишҳо ба “силӣ” задани Эрдуғон ба рӯйи кӯдаки панҷсола

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар байн

Навори “силӣ” (шаппотӣ, торсакӣ) задани раиси ҷумҳури Туркия ба рӯйи як кӯдаки панҷсола ва дароз кардани дасташ барои бӯсидани ӯ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густардае доштааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 28-уми июл дар маросими тақдими манзил ба чанд сокини шаҳри Ризе, воқеъ дар шимолу шарқи Туркия, ширкат кард.

Дар ҳамин маросим кӯдаки панҷсолае ба тарафи раиси ҷумҳури Туркия омад ва дар муқобили ӯ истод. Эрдуғон бинобар суннати дастбӯсии калонсолон дар кишвараш дасти худро ба сӯйи кӯдак дароз кард ва бо дидани сардаргумии ӯ ба рӯяш силии нарме зад.

Кӯдак, ки зоҳиран манзури президенти Туркияро фаҳмид, дасти Эрдуғонро бӯсид ва дар иваз ҳадя гирифт. Сипас бародари калонтари ӯ омад ва баъд аз дастбӯсӣ инъом гирифт. Эрдуғон ҳардуро ба оғӯш кашид.
Нашрияи “Ҷумҳурият”-и Туркия танзомез навишт, ки “кӯдак бо роҳнамоии атрофиёни Эрдуғон ниҳоят мутаваҷҷеҳи суннати дастбӯсии бузургон шуд ва инъомро сазовор шуд.”

Суннати дастбӯсӣ ва дар иваз дарёфти дуову ҳадя дар Туркия роиҷ аст.