Ҳания рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар Ҷумҳурии Исломӣ қарор дошт.
Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” мақомоти Исроилро масъули ин ҳамла номид ва ваъда дод, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошт.
Исроил на вокуниш нишон дод ва на масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт, вале баъзе аз сиёсатмадорони исроилӣ онро иқдоме барои беҳбуди амнияти ҷаҳонӣ донистаанд.
Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, қатли Исмоил Ҳанияро “амали буздилона” номид ва хоҳони “ваҳдату субот дар Фаластин” шуд.
Дар Эрон мотами серӯза эълон кардаанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ваъда дод, ки аз Исроил қасос мегирад. “Дар ин ҳодисаи талх ва душворе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ рух дод, мо талаби хуни ӯро вазифаи худ медонем,” – навиштааст ӯ.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфт, кишвараш аз тамомияти арзии худ дифоъ хоҳад кард ва онҳое, ки ин корро кардаанд, пушаймон хоҳанд шуд.
Туркия низ куштори Ҳанияро маҳкум кард ва онро нишонаи моил набудани Исроил барои расидан ба сулҳ дар минтақа донист.
Русия ин иқдомро “куштори сиёсии ғайриқобили қабул” номид ва ҳушдор дод, ки чунин амалҳо метавонад боис ба ташдиди таниш дар минтақа шавад. Чин ҳушдор дод, ки қатли Ҳания метавонад ба бесуботии бештар дар минтақа сабаб шавад.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, аз кушта шудани Исмоил Ҳания хабар дорад, вале Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба дастёбӣ ба оташбас дар Навори Ғазза тамаркуз кардааст. Аз моҳи октябри соли 2023 то кунун дар онҷо миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” даргирӣ идома дорад.
Ҳания дар соли 1962 дар урдугоҳи “Аш-Шатӣ” дар Навори Ғазза ба дунё омадааст. Хонаводааш аз фаластиниёни овора дар ҷанги соли 1948 буданд. Дар соли 2017 раиси дафтари сиёсии “Ҳамос” интихоб шуд ва яке аз раҳбарони аршади ин ҷунбиш дар арсаи байнулмилалӣ буд. Дар Давҳа, пойтахти Қатар, мезист.