Вокунишҳо ба эъдоми 4 тан аз сӯи Толибон дар Афғонистон

Акс аз бойгонӣ.

Пас аз эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳи Афғонистон, шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ бо нашри эъломияҳо, ин иқдоми ҳукумати Толибонро танқид карданд.

Дафтари ҳуқуқи башари СММ бо ибрози нигаронӣ дар ин маврид рӯзи 11 апрел дар шабакаи Х навишт, ин гуна ҷазо додан бо каромати инсонӣ ва ҳаққи зиндагӣ, носозгор аст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таъсири чандоне барои пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят надорад. Ин ниҳод дар идома аз ҳукумати Толибон хостааст, ки истифода аз ин гуна ҷазо доданро бас кунад ва дар ниҳоят онро бекор намояд.

Ҳамзамон бо ин, Ричард Беннет, гуориши вижаи СММ барои ҳуқуқи башари Афғонистон низ бо маҳкум кардани эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар Афғонистон, рӯзи ҷумъа дар сафҳаи худ дар Х навишт, "ки ин эъдомҳо ва ҳамчунин муҷозоти баданӣ, ки аз сӯи Толибон дар маҳзари ом анҷом мешавад, нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст ва бояд фавран поён ёбад".

Дар ҳамин ҳол, Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон ва бахши Осиёи Ҷанубии Созмони афви байналмилал низ бо нашри эъломияҳои алоҳида дар шабакаи Х, хостори қатъи фаврии ин муҷозот шудаанд.

Толибон рӯзи 11 апрел чор нафарро дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳ дар маҳзари ом эъдом карданд.

Ин бештарин шумораи эъдомҳо дар як рӯз аз замони ҳокимияти дубораи Толибон бар Афғонистон то кунун будааст.

Толибон пас аз дубора ба қудрат расидан дар моҳи августи соли 2021, муҷозот дар маҳзари ом, аз ҷумла, эъдом ва дигар муҷозоти баданиро дар ин кишвар дигарбора оғоз карданд. Онҳо то кунун 10 нафарро дар маҳзари ом эъдом кардаанд.

Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар ҳамвора ин эъдомҳоро поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ, хондаанд.

Ҳарчанд идораҳои маҳаллӣ ва додгоҳҳои Толибон ҳамеша таъкид доштаанд, ки ба гуфтаашон, ҳукми қасосро пас аз таҳқиқоти шаффоф ва таъмини адолат иҷро кардаанд, вале СММ ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башари байналмилалӣ ҳамвора дар ин бора ибрози шак карда, борҳо ҳукумати Толибонро ба надоштани низоми додгоҳии дуруст, муттаҳам кардаанд.

Онҳо борҳо аз Толибон хостаанд, ки пеши ин гуна муҷозотро бигиранд.