Владимир Зеленский аз мулоқоти наздик бо Доналд Трамп хабар дод

Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Кохи Сафед дар моҳи октябри соли 2025.

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 26-уми декабр гуфт, дар мавриди мулоқоти нав бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико "дар ояндаи наздик" ба тавофуқ расидааст. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон ба талошҳо барои созиши сулҳ миёни Киев ва Маскав суръат мебахшад.

Зеленский дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар ин бора пас аз гузориши Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина дар бораи гуфтугуҳои нав бо мақомоти Амрико, тасмим гирифтааст.

Зеленский гуфт: “Мо як рӯзро аз даст намедиҳем. Мо дар мавриди мулоқот дар сатҳи олӣ бо президент Трамп дар ояндаи наздик ба мувофиқа расидем.” Ӯ афзуд, ки “бисёр чизҳо метавонанд, то фарорасии Соли нав ҳал шаванд.”

Доналд Трамп то ҳол ин хабарро расман тасдиқ накардааст. Нашрияи «Киев Пост» бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки интизор меравад, Зеленский рӯзи 28-уми декабр барои гуфтушунидҳои муҳим ба осоишгоҳи Мара-Лаго ба иёлати Флоридаи Амрико биравад.

Як рӯз пеш аз ин баёния Зеленский аз гуфтугӯ бо Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони Трамп дар бораи "идеяҳои хуб барои сулҳи пойдор" хабар дод. Ба гуфтаи Зеленский, дар ин гуфтугуҳои телефонӣ Рустам Умаров, вазири мудофиа, Андрей Гнатов, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва Андрей Субига, вазири корҳои хориҷии Украина ширкат доштаанд.

Владимир Зеленский, навиштааст: «Мо баъзе аз ҷузъиёти корҳоро баррасӣ кардем. Идеяҳои хубе аст, ки метавонанд, дар расидан ба натиҷаҳои муносиб ва сулҳи пойдор кӯмак кунанд. Амнияти воқеӣ, бозсозии воқеӣ ва сулҳи воқеӣ, ки тамоми мо ба он зарурат дорем.»

Айни замон, музокиракунандагони амрикоӣ, украинӣ ва аврупоӣ сари як тарҳи сулҳи иборат аз 20 банд кор мекунанд, ки ҳадафаш поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст. Ин тарҳ кафолатҳои амниятӣ барои Украина, бозсозии кишвар ва роҳҳои хатми ҷангро дар бар мегирад. Намояндагони Русия низ дар гуфтушунидҳое, ки рӯзҳои 20-21-уми декабр дар Майамӣ бо мизбонии Амрико баргузор шуд, ширкат доштанд, ҳарчанд Кремл баъдан гуфт, ки набояд ин гуфтугӯҳоро ҳамчун "пешрафти ҷиддӣ" арзёбӣ кард.

Хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ навишт, ки Маскав хоҳони ворид кардани тағйирот ба ин тарҳ аст, то кафолати густариш наёфтани НАТО ба шарқ ва мақоми бетарафии Украинаро таъмин кунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, тасдиқ кард, ки Владимир Путинро аз натиҷаҳои музокироти Майами огаҳ кардаанд ва Русия ният дорад тамосҳоро бо Вашингтон идома диҳад.

Ҳамзамон бо талошҳои дипломатӣ, Русия ҳамлаҳо ба ҷануби Украина, ба вижа ба вилояти Одессаро шиддат бахшидааст. Нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки Русия шаби гузашта бо истифода аз мушаки "Искандар-М" ва 99 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст.

Сергей Лисак, раиси идораи низомии Одесса, рӯзи 26-уми декабр гуфт, ки дар ҳамлаи дронҳо як иншооти ғайринизомӣ оташ гирифтааст. Инчунин гузориш мешавад, ки дар бандарҳои Одесса ва Миколаев киштиҳое, ки бо парчами Словакия, Палау ва Либерия ҳаракат мекарданд, бар асари зарбаҳо осеб дидаанд.

Як гурӯҳе аз вакилони Сенати Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Ҳизби демократ ҳамлаҳои Русия ба ғайринизомиён дар Украина ва дар айёми ҷашни Мавлуди Исо маҳкум карданд. Дар баёнияи онҳо, ки рӯзи 25-уми декабр нашр шуд, омадааст:

"Мо ҳамлаҳои бераҳмонаи Русияро ба Херсон, Чернигов, Харков, Одесса ва дигар шаҳрҳо, ки алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом шуданд, маҳкум мекунем. Тасмими Путин барои идомаи ҳамлаҳо дар рӯзҳои ҷашн нишон медиҳад, ки ӯ як қотили бераҳм аст, ки ба сулҳ алоқамандӣ надорад ва наметавон ба ӯ бовар кард."