ВКД: Изофанависӣ ба суратҳисоби барқи ҳукумати А. Ҷомӣ

Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон рӯзи 11 июл хабар дод, ки бо гумони изофанависӣ ба суратҳисобҳои барқи беморхонаву мактабҳои ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар вилояти Хатлон Эшмуродов А.Ф., муҳосиби шуъбаи фурӯши шабакаҳои барқи ноҳияро дастгир кардааст.

Назари дастгиршуда ба ин қазия маълум нест.

Дар хабарномаи вазорат омадааст, ки гумонбар “дар давраи корӣ тавассути барномаи биллинг ба суратҳисобҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти бардурӯғ ворид кардааст”.

Ба иттилои ВКД, дастгиршуда бештар аз “384 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ ба суратҳисобҳои мазкур ворид намудааст”.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об рӯзи 10-уми июл гуфт, аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи барқ 1,1 миллиард сомонӣ қарздор ҳастад. Дар як соли ахир қарзи аҳолӣ аз барқ ҳудуди 600 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Як сол пеш қарзи аҳолӣ аз барқ 1,7 миллиард сомонӣ эълон шуда буд.

Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо мушкил аст.

Ба гузориши ахири Вазорати энергетика, баъди аҳолӣ калонтарин қарздор аз барқ "Ширкати Алюминийи Тоҷик" мебошад, ки қарзаш ба 991 миллион сомонӣ расидааст. Як сол пеш қарзи ин корхона аз барқ 718 миллион сомонӣ буд.

Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 322 миллион сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо 100 миллион ва Корхонаҳои обу корез бо 126,4 миллион сомонӣ, аз қарздорони калон дар назди идораи барқ будаанд.

Таҳлили омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар як соли ахир ба ҷуз корхонаҳои буҷетӣ, қарзи Оҷонсии беҳдошти замин ва корхонаи обу корез ба таври назаррас зиёд шудааст.