Ҷасади Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнони 60-соларо пас аз як ҳафтаи нопадид шудан рӯзи 4-уми май пайдо карданд.
ВКД рӯзи 5-уми май дар сомонааш хабар додааст, ки Эҳсон Бобоеви 31-сола ва Юсуф Шарифови 46-сола, сокинони Исфара дар қатли Маннон Содиқов гумонзад ҳастанд.
Назари наздикони афроди боздоштшуда ба ин ҳодиса маълум нест.
Ба нақли ВКД, ин ду нафар Маннон Содиқовро бо баҳонаи озод сохтани фарзандаш аз маҳбас бо худ бурда куштаанд ва 100 ҳазор доллари амрикоиашро гирифтаанд.
Наздиконаш пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов бо ҷурми интиқоли пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, як тан аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар боздошт ва соли 2024 ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.
Наздикони Маннон Содиқов мегӯянд, он ду нафаре, ки ӯро бо худ бурданд, ба ӯ гуфтаанд, ки “бо сад ҳазор доллар писарашро аз маҳбас озод мекунанд ва ӯ ҳам ба ин пешниҳод розӣ шудааст.”
Ӯ ба пофишории наздикон, ки ба ин пешниҳод розӣ нашавад, гӯш надодааст.
ВКД гуфтааст, ки гумонбарон ба Маннон Содиқов 9 корд задаанд ва ҷасадашро “дар саҳни манзили истиқоматии як сокини Исфара “зери хок намудаанд”.
Пайвандонаш гуфтанд, дар ҷасади ӯ 11 зарби корд мушоҳида кардаанд.
Мақомот ин ҳодисаро “ҷинояти махсусан вазнин” номида гуфтаанд, ки таҳқиқи он идома дорад.
Рӯзи 4-уми май ҲНИТ дар паёми таслият ба хонаводаи Маннон Содиқов дар саҳифаи Фейсбукаш навишта буд, ки ӯ “аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст”.
ҲНИТ дар паёми таслияташ гуфтааст, ки пас аз баста шудани ҳизб дар Тоҷикистон дар соли 2015 ин фаъоли ҳизб таъқибу боздошт ва як сол зиндонӣ шуда буд.
ҲНИТ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эътироф шуд. Даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигаре аз Тоҷикистон фирор карданд.