Вазорат: Дар Тоҷикистон ҳантавирус сабт нашудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар гирифторӣ ба ҳантавирус сабт нашудааст, вале сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Ин ниҳод 13-уми май дар иттилоияе навишт, ҳантавирусҳо асосан дар ҷойи зисти хояндаҳо, яъне мушҳо паҳн мешавад ва ин намуд вирус ҳам асосан ҳангоми даст расондан ба пешоб, наҷосат ё оби даҳони мушҳо метавонад сироят шавад.

Барои ҳамин Вазорати тандурустӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки хона, таҳхона ва ҷойҳои нигаҳдории маҳсулотро тоза нигоҳ дошта, аз воридшавии мушҳо ба хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд.

Вазорат ҳамчунин аз сокинон хостааст, агар баъди даст расондан ба мушҳо аз табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар шикоят дошта бошанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳантавирус бори аввал рӯзи 2 май ва 21 рӯз пас аз марги нахустин мусофир ошкор шуд.

Рӯзи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ин киштии саёҳӣ ҳашт нафар бемор шуда се нафарашон фавтидаанд.