Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз тоҷикистониҳои муқими Русия хостааст, ба кортҳои бонкии шубҳанок, аз ҷумла, ба гурӯҳҳои ношиносе, ки барои гӯё барои зарардидагон маблағ ҷамъ мекунанд, пул нагузаронанд.
Намояндагии Вазорат дар Русия дар хабарномае навишт, муҳоҷирон бояд аз "интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони бегона, ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, чун барои ин амалиётҳо дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст".
Аммо мақомот аз ягон гурӯҳ ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи олии Русия чанд созмон ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд.
Мақомот дар ҳоле ба муҳоҷирон ин ҳушдорро медиҳанд, ки ахиран додгоҳҳои Тоҷикистон чанд муҳоҷири собиқро барои фиристодани пул ба мухолифони ҳукумат зиндонӣ карданд.
Аз ҷумла, як сокини Ваҳдат барои фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, муасссиси сомонаи "Ислоҳ" ба панҷ сол ва як сокини Исфара барои кӯмак ба "Гуруҳи 24" ба 13 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти сомонаи "Ислоҳ" ва "Гуруҳи 24" мамнуъ аст.
Ин созмонҳои мухолифини ҳукумат ин қарорро қабул надоранд.