Вазири тоҷик ва намояндаи СММ мавзӯи гурезаҳоро баррасӣ  карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон вохӯрдааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо Иван Салеев 27-уми феврал сурат гирифт.

Манбаъ менависад, "вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо"-и Тоҷикистон бо ниҳоди зертобеи Созмони Милал ва "раванди мусоидат ба паноҳандагон", аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам намояндагии Созмони Милал дар ин бора ҷузъиёти бештар надодаанд.

Ин вохӯрӣ дар ҳолест, ки шикояти гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз беасос ихроҷ шуданашон ба ватан зиёд садо медиҳад.

Дар аввали моҳи декабри соли гузашта, идораи паноҳҷӯёни Созмони Милал аз чунин амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард.

Ба гуфтаи созмон, дар муддати ду рӯз 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯро ба ватанашон ихроҷ кардаанд.

Созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ин равандро фавран қатъ кунад, чун мухолиф ба ӯҳдадориҳои кишвар ва аҳдномаҳои байналмилалиест, ки Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст.