Эмомалӣ Раҳмон ва вазири Чин ояндаи равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Чин дар идомаи сафарҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Ван И рӯзи 22-юми ноябр бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин вохӯрӣ додугирифти ду кишвар, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистону Чин дар даҳ моҳи соли равон зиёда аз ду миллиард доллар додугирифт доштанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз сафари Ван И ширкат дар аввалин Муколамаи стратегии Тоҷикистону Чин аст. Дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ван И гуфт, ки Афғонистон ҳамчун ҳамсояи муштараки Чин ва Тоҷикистон барои пешбурди сулҳ, субот ва талошҳои барқарорсозии минтақавӣ ба ҳамоҳангии доимии байни ду кишвар ниёз дорад.

Вазири корҳои хориҷии Чин пеш аз ин дар Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон буд.

Сафари Ван И дар ҳоле анҷом мешавад, ки роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар як нишасти камсобиқа бо раиси ҷумҳури Амрико ширкат карданд. Мавзӯи асосии ин нишаст маъданҳои камёби ин кишварҳо буд. Чин солҳо боз ба маъданҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад ва то кунун чандин конҳоро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дорад.