Вазири адлия нагуфт, ки дар Боздоштгоҳи Хуҷанд чӣ гузашт

Музаффар Ашӯриён

Вазири адлияи Тоҷикистон тирпарониро дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ чанд кушта дошт, шарҳ надод.

Музаффар Ашӯриён рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ бе тасдиқ ё инкори ҳодиса гуфт, посухи ин суол дар салоҳияти онҳо нест.

"Инро аз ман напурсед. Аз шумо хоҳиш кардам. Ба суолатон ҷавоб намедиҳем," -- гуфт Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ. Ин дар ҳолест, ки зиндону боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон тобеи Вазорати адлия аст.

Чанд ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.

Як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд низ бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфт, "аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд." Вай дар бораи нигаҳбон чизе нагуфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гурӯҳи 24" ҳодисаи Боздоштгоҳи Хуҷандро маҳкум кард

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.