Хаста, парешон ва мунтазир. Вазъи эрониён дар як моҳи ҷанг

Эрониён дар маросими ҷанозаи яке аз қурбониён дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро дар Теҳрон. 26 март, 2026.

Ҳамлаҳои давомдори Амрико ва Исроил бахшҳое аз Теҳронро вайрон ва бисёре аз мардуми пойтахти Эронро асабонӣ кардааст.

Бо наздик шудан ба поёни моҳи аввали ҷанг, Фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM) гуфт, беш аз 10 ҳазор ҳадаф дар саросари Эрон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба гуфтаи Гурӯҳи ҳуқуқи башарии Эрон, ки қароргоҳаш дар Амрикост, аз оғози ҷанг дар 28-уми феврал дастикам 1464 ғайринизомӣ, аз ҷумла 217 кӯдак кушта шудаанд.

Дастрасӣ ба мардуми одӣ дар Эрон ҳамчунон душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ зиёда аз 600 соат боз интернетро қатъ кардааст. Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, тавонист, ки бо чанд нафар дар Эрон суҳбат кунад.

Як мард аз Теҳрон гуфт, ҳарчанд осеби равонӣ ва изтироб дар шароити ҳозира мушкили ҷаҳонист, ӯ ба ояндаи ончи ки "пирӯзии ниҳоӣ" меномад, умедвор аст. Замоне ки ба гуфтааш “эрониён ба ҷойи раҳбарии феълӣ дасти боло дошта бошанд”.

Вай ба дипломатия бовар надорад: "Сулҳ ва ин ҳарфҳо? Ин хобу хаёл аст. Шумо шаппотӣ ва муштро бо тиру бомба посух медиҳед."

Яке дигар аз сокинон мегӯяд, вақте Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олӣ ва мақомоти дигари баландпояи Эрон рӯзи 28-уми феврал кушта шуданд, лаҳзае эҳсоси оромиш кард, аммо сипас фаҳмид, ки ҳамон рӯз дар як ҳамлаи ҳавоӣ даҳҳо донишомӯз дар Миноб ҷони худро аз даст додаанд.

Ӯ менависад, "кишвар дар ҳоли нобудӣ аст. Танҳо чизе, ки мехоҳам, поёни ҷанг аст. Ин садоҳои ваҳшатноки таркиш ва ин изтиробе, ки бо он зиндагӣ мекунем, дигар қобили таҳаммул нест."

Ҳамлаҳои ҳавоӣ аз сӯйи ҳамаи тарафҳо идома дорад. Исроилу Амрико ба Эрон зарба мезананд ва Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроилу аҳдофе дар саросари Ховари Миёна мушаку паҳпод мепартояд. Дар ҳамин ҳол, Вашингтон ва Теҳрон ба воситаи миёнаравҳо ба табодули пешниҳодҳо оғоз кардаанд ва Амрико мегӯяд, ин кор метавонад сабаби гуфтушунид шавад.

Иёлоти Муттаҳида ҳамзамон дар ҳоли фишор овардан ба Эрон барои супурдани ураниюми ғанишуда ва маҳдуд кардани барномаи мушакиаш аст. Эрон хоҳони пардохти товон ва ба расмият шинохтани ҳокимияти худ бар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз мебошад. Шикоф байни ин ду мавзеъ ҳамчунон зиёд аст.

Нигаронии умумиро як зани теҳронӣ чунин баён дошт, "агар режим битавонад дар ҷойи худ бимонад, чӣ рух хоҳад дод?” Ӯ менависад, "ман нигаронам, ки баъд аз ҷанг онҳо ваҳшитар мешаванд ва ҷавононро ба қатл мерасонанд. Онҳо се нафарро дар авҷи ҷанг эъдом карданд".

Зани тақрибан чиҳилсола, ки аз Теҳрон бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тамос гирифт, пас аз ҳар таркиш телефони худро мебардорад, то бубинад дӯстон ва хонаводааш зинда ҳастанд ё не. "Мо воқеан намедонем, ки оё фардо ё ҳатто як соати дигар зинда хоҳем буд ё не," – гуфт ӯ.

Яке аз модарон навишт, "фикр мекунам, ҳатто касоне, ки орзуи ҳамлаи Амрико ва Исроилро доштанд, намедонистанд ҷанг чист".