ИМА дар ин замина ба шумори зиёди ҳодисаҳои ҳамла ва кӯшиши ҳуҷум ба хабарнигорону дигарандешон дар берун аз кишвар дар гузашта ишора намуд.
Рӯзи 28 август дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки “мо аз ин гузоришҳо огаҳ ҳастем”. Сухангӯи ин ниҳод афзуд: “Режими эронӣ борҳо журналистон ва дигарандешони эрониро дар саросари ҷаҳон ба хотири озодиҳое, ки онҳо аз он истифода мекунанд, таъқиб ва талоши рабудаву куштани онҳоро кардааст.
Ин рафтори собиқадор ва нафратовари режим аст, ки давоми даҳсолаҳо дар саросари ҷаҳон террорро пеш мебарад”. “ИМА аз сокинони бегуноҳи мулкӣ, ки мавриди ҳадафи Эрон қарор гирифтаанд, пуштибонӣ мекунад ва бо ҳампаймонҳову шариконаш ба хотири пешгирӣ аз ин таҳдидҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар бораи хатару таҳдидҳо ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон табодули иттило ба роҳ мондааст”, гуфт намояндаи Департаменти давлатӣ.
Таҳдиди намояндаи артиши Эрон
Ҳафтаи ҷорӣ дар як мусоҳибаи телевизиониаш намояндаи қувваҳои мусаллаҳи Эрон, генерал Абулфайз Шикорчӣ расонаҳои мисли Радио Фардо, “Эрон Интернешнл”, «Би-би-си форсӣ” ва “Мануту”-ро ҳамчун муассисаҳое номбар кард, ки дар феҳристи “ҳадафҳои ҳарбии Эрон” шомил шудаанд.
Ӯ ин расонаҳоро “сарбозони сайҳунзим ва Амрикои ҷинояткор” номид ва бидуни овардани далеле ин расонаҳоро барои иртибот бо Оҷонсии истихбороти Амрико, Моссад ва дигар идораҳои ҷосусии хориҷӣ гунаҳгор кард.
"Намехоҳанд мардуми Эрон ҳақиқатро бидонад"
Девид Крамер, раҳбари иҷроияи Пажӯҳишгоҳи Ҷорҷ Буши хурдӣ ва собиқ ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили демократия ва ҳуқуқи башар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳушдори Теҳрон баёнгари таъсири кори ин расонаҳо мебошад. Ӯ гуфт, “ҷои тааҷҷуб надорад, ки режими эронӣ расонаҳои мисли Радио Фардо ё бахши форсии Би-Би-Сиро чун як таҳдид арзёбӣ мекунад, чунки онҳо намехоҳанд, ки мардуми Эрон бидонанд, ки дар асл чӣ мегузарад”.
Ӯ гуфт, “вокуниши режим нишон медиҳад, ки ин хадамот ба ҳаводис дар дохили Эрон таъсири воқеӣ доранд, дар ҳоле, ки режим оромонаву бо истифода аз хушунат алайҳи мардум ва ҳамсояҳояш амал мекунад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Трамп гуфт, тангаи Ҳурмуз зери назари онҳостРадио Фардо мегӯяд, ки рисолаташ “пешбурди арзишҳои деморкатӣ аз роҳи фароҳам кардани хабарҳои дақиқ ва бе сензура ва эҷоди баҳсҳои боз дар кишвар мебошад, ки матбуоти озод он ҷо таҳти хатар қарор дошта, иттилооти нодуруст паҳн мекунанд”.
Крамер гуфт, расонаҳои хабарӣ “бояд мавриди ҳимоят қарор бигиранд, то ки битавонанд кори муҳими худро дар заминаи пешбурди манфиатҳои мардуми Амрико аз роҳи нирӯи нарм иҷро кунанд ва ба мардуми Эрон нишон диҳанд, ки онҳо фаромӯш нашудаанд”.
Эҳзори сафири Эрон ба ВКХ Чехия
Ҷумҳурии Чех, ки дар пойтахташ шаҳри Прага қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Радио Фардо ҷойгир аст, алайҳи ин таҳдидҳо эътироз кард. Петр Матсинка, вазири корҳои хориҷии Чехия сафири Эронро барои шарҳи ин масъала даъват намуд.
Адам Чёрго, сухангӯи ВКХ дар сӯҳбат бо “Радиои Чехия” гуфт, «Радиои Фардо, ки дар Прага қароргоҳ дорад, яке аз шабакаҳои камтарин аст, ки ба мардуми Эрон иттилои санҷидашударо фарҳам мекунад. Аҳамияти он бавижа вақти саркӯбҳои оммавие, ки режими Эрон алайҳи мардумаш зимистони имсол раво дид, бараъло мушоҳида шуд”.
Манзури Чёрго саркӯби бераҳмонаи эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон дар моҳи январи имсол мебошад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки вазъи Эронро аз хориҷа назорат мекунанд, марги 7 ҳазор нафарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, эҳтимолан, шумори воқеӣ аз ин ҳам бештар бошад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Афзоиши нархи нафт дар сояи танишҳо дар тангаи ҲурмузТомас Мелиа, собиқ корманди баландпояи Департаменти давлатии Амрико ва ҳоло корманди калони илмии Маркази демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии донишгоҳи Ҷорҷтаун гуфт, ки ба ин таҳдидҳо бояд ҷиддӣ муносибат шавад. Ба гуфтаи ӯ, бо ишора ба амалҳои Эрон алайҳи дигарандешон дар хориҷа, кормандони Радио Фардо дар Прага ва дигар ҷойҳо “бояд бештар дар фикри амнияти худ бошанд”. Мелиа ҳам гуфт, таҳдид аз сӯи Теҳрон муҳим будани кори Радио Фардоро таъкид мекунад.
Кристофер Уокер, муовини президенти Маркази таҳлили сиёсати Аврупо, воқеъ дар Вашингтон гуфт, Эрон ба рақобат барои иттилоот ҷиддӣ муносибат мекунад ва барои боло бурдани имкониятҳои расонаҳои давлатии иттилоотӣ сармояи зиёде харҷ кардааст.
«Маълум аст, ки онҳо ҳар сол садҳо миллион долларро ба рушди захираҳои давлатии иттилорасонӣ дар ҷаҳон равона мекунанд”, гуфт Уокер.
Уолкер таҳдид ба расонаҳои форсизабонро бахше аз “таҷрибаи деринаи сензура ва саркӯб дар берун аз Эрон” номид.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба 24 забон ва барои 18 кишвар барномаҳо нашр мекунад. Ин расонаи хусусии ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки аз ҳисоби грантҳои Конгресси Амрико ва тавассути Оҷонси байналмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) маблағгузорӣ мешавад.