Вакилони порлумони Қирғизистон ҳангоми сафари худ ба Русия ба таври озмоишӣ дар санҷиш ё имтиҳони забони русӣ, ки аз кӯдакони муҳоҷирон барои қабул ба мактаб гирифта мешавад, ширкат намуда, онро душвор хондаанд.
Намояндагони Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон аз вакилони Думаи давлатии Русия хостанд, ки дар ин маврид чора андешанд.
Марлен Маматалиев, вакили қирғиз, гуфт, “таҷриба нишон медиҳад, ки аз санҷиш нагузаштани кӯдакони муҳоҷирон бештар на ба надонистани забони русӣ, балки ба омилҳои равонӣ вобаста аст. Мо дирӯз дар маркази тестӣ будем ва дидем, ки воқеан мушкилот ҷой доранд. Мехостем дар ин масъала кор бурда шавад, роҳи ҳал вуҷуд дорад”.
Вакили қирғиз пешниҳод кард, ки ҳадди ақал барои кӯдакон то синфи панҷ ин имтиҳон бекор карда шавад.
Русия аз моҳи апрели соли гузашта қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб дигар кард ва ҳоло ин гурӯҳи кӯдакон танҳо баъди гузаштан аз имтиҳони забони русӣ ва санҷиши санади иқомат ҳаққи таҳсил хоҳанд дошт.
Мақомоти ин кишвар гуфтанд, беш аз 87 дарсади фарзандони муҳоҷирон натавонистанд ба мактабҳои Русия дохил шаванд.
Чанде пеш вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар як соли охир беш аз 9 ҳазор кӯдаки тоҷик, ки аз мактабҳои Русия ронда ё дар онҷо аз таҳсил маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон баргаштаанд.