"Вахш" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар мақоми аввал аст

Дастаи Вахш

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 13-15-уми март баргузор шуданд.

Нахуст дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлотияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба рақобат пардохтанд. Бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Сипас дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода – бо тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо пирӯзии “Сардор” бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расид.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи 14-уми март доир шуд. Дастаи “Вахш”-и Бохтар дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

Ду бозии ниҳоии даври якум рӯзи 15-уми март сурат гирифт. Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бозиро дар майдони худ бо тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дар бозии охирини даври якум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи ““Равшан”-и Кӯлоб аз тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дастаи “Вахш” бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Тимҳои “Ҳосилот” ва “Сардор” бо чоримтиёзӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 3-5-уми апрел баргузор мешаванд.

Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026

Лигаи олӣ. Даври 2-юм

13-уми март (ҷумъа)

КМВА – «Хуҷанд» - 0:0

Бозигари беҳтарин: Ҷерар Бакинде (“Хуҷанд”)

Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Сардор» – «Парвоз» - 3:0

Голҳо: Некрӯз Зокиров, 32 (1:0), Асилбек Норбоев, 42, 41 (2:0), Иброҳим Зокиров, 79 (3:0)

Бозигари беҳтарин: Некрӯз Зокиров (“Сардор”)

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

14-уми март (шанбе)

«Эсхата» – «Вахш» - 1:2

Голҳо: Сергей Яворский, 8 (0:1), Тоҳирҷон Тағойзода, 26 (0:2), Фирдавс Чақалов, 64 (1:2)

Бозигари беҳтарин: Сергей Яворский (“Вахш”)

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 1:0

Гол: Лука Згурский, 7 (1:0)

Бозигари беҳтарин: Табрез Исломов (“Истиқлол”)

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

15-уми март (якшанбе)

«Равшан» – «Барқчӣ» - 2:3

Голҳо: Меҳрон Мадаминов, 30 (1:0), Муҳаммадалӣ Азизбоев, 68 (1:1), Азизбек Далиев, 74 (1:2), Дуби Рамин, 84 (1:3), Сайёди Ковусшо, 90+3 (2:3)

Корти сурх: Чуквуэбука Окоронкво (“Равшан”), 23

Бозигари беҳтарин: Ҷовидон Хушвахтов (“Барқчӣ”)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Истаравшан» – «Ҳосилот» - 0:0

Бозигари беҳтарин: Бобур Қосимов (“Истаравшан”)

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав)

Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1“Вахш”22004-16
2 “Ҳосилот”21103-04
3“Сардор”21103-04
4“Хуҷанд”21102-04
5”Истиқлол”21101-04
6 “Барқчӣ”21013-43
7“Истаравшан”20202-22
8 “Равшан”20112-31
9“Регар-ТадАЗ”20110-11
10“Парвоз”20112-51
11КМВА20110-31
12“Эсхата”20021-40

Даври 3-юм

3-юми апрел (ҷумъа)

«Ҳосилот» – «Сардор»

«Барқчӣ» – «Эсхата»

4-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

«Вахш» – КМВА

5-уми апрел (якшанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»